Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
СУХАНЕ АЗ МУСАХҲЕҲ
Хушбахтона, бори дигар дами гарм ва сафои дили ёрони ҳунаршинос ба тани ранҷур ва ҷони пуршӯрам нишот ва нерӯи тоза бахшид, нерӯе, ки бар асари он андаке аз ранҷи талхкомиҳо ҳамвор шуд ва андӯҳи номардумиҳо костӣ гирифт. Бо азми устувор ва дили умедвор чанд соле мусоҳиби бузургмарде аз дарёдилони хуросонӣ шудам то саранҷом ба ҷаҳони андешаи вай роҳ ёфтам ва ташнагии дерпои донишандӯзии хешро аз зулоли фараҳбахши афкори инсонӣ ва ирфонии вай то ҳадде фурӯ нишонидам.
Ин бор дилбохтаи ҳуҷҷатулислом Абӯҳомид Имом Муҳаммади Ғаззолии Тӯсӣ шудам. Ҷовидона марде, ки ба соли 450 ҳиҷрӣ (1058 м.) дар сарзамини мардхези Хуросон, дар Тобирони Тӯс, бар ин ҷаҳони хокӣ гом ниҳод ва пас аз 55 соли зиндагӣ, ки бештари он бо ранҷи ҷаҳонгардӣ ва шӯри донишандӯзӣ ва навоварӣ ва шогирдпарварӣ ҳамроҳ буд, саранҷом дар авҷи ворастагӣ ва порсоӣ ва бархӯрддорӣ аз шӯҳрат ва шарофати илмӣ нағмаи дилангези «Ирҷиъи ило Раббики... » гӯши дилашро навохт ва бо итминон гунаи бандагӣ бар хоки зодгоҳи хеш ниҳод ва дар ҳамон Тобирон ҳамсояи девор ба девори оромгоҳи абадии устоди Тӯс Ҳаким Абӯлқосим Фирдавсӣ гардид.
Барои нигориши зиндагиномаи Имом Муҳаммади Ғаззолӣ тавсифи «Эҳӯ улуми-д-дин»-и вай манобеи гунагуни фаровон дар даст аст, ки онҳоро метавон дар се маҷмӯа ҷустуҷӯ кард:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё