Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ҷанг мешавад. Шайх ҳамчун шахси мутасаддӣ вазифадор аст ба ин раванд назорат намояд ва чун аломатҳои сустӣ ё дур гаштани разилатҳоро мушоҳида намуда, соликро ба гӯшанишинӣ барад ва андаке хӯроки ҳалол ба ӯ расонад. Баъд аз ин шайх бояд соликро ба зикри содда, ба мисли «Аллоҳ-Аллоҳ ё субҳоналлоҳ» талқин созад, то солик баъд аз чанде бе гуфтани зикр ҳам онро ба забони хеш ҷорӣ сохта, ҳақиқати маънои зикрро дар дили худ устувору побарҷо ва ҳамроҳ ёбад.

Сарфи назар аз он ки солик ин марҳилаҳои пуразобро пушти сар мекунад, лекин баъд аз онҳо низ гарданпечиҳо ва итоат накарданҳои бисёре дар роҳи солик пеш хоҳанд омад, ки ҳамчун хатари ҷиддӣ ба солик таҳдид мекунанд. Аз ин рӯ, солик бояд ба тадбири шайх ба онҳо зафар ёфта, забардаст шавад ё аз онҳо гузарад. Шайх дар сурате, ки бинад солик қувваву тавоноии зикру фикрро надорад, дар он ҳолат вайро ба анҷоми корҳои зоҳир ва пай дар пай такрор кардани сухане ё коре (вирд) фармон диҳад ё ин ки ба хизмати дигар соликон равона созад. Ҳамин тавр муриди муҷоҳид дар партави риёзати нафс ва тарбияти шайх аз ҳалокатгоҳ ва ҷои хавфнок берун ҷаҳида, ба водии нур ва яқин пой мегузорад.

Қобил ба зикр аст, ки барои ин гуфтаҳояш Ғаззолиро Файзи Кошонӣ «бидъатзада» ном бурда, ӯро ба он муттаҳам месозад, ки гӯё «шариати наве» ба вуҷуд овардааст, ки ин худ далолат аз он медиҳад, ки тафаккуру ҷаҳонбинии Ғаззолӣ дар атрофии як гурӯҳ маъулот ва аз Кошонӣ дар гирдоби дигар маъулот давр мехӯранд. Ғаззолӣ аз илми дигар сухан мегӯяд, вале Кошонӣ, ки онро намедонад фикр мекунад, чунин илме нест.

Ғаззолӣ дар боби парҳезкорӣ ва порсоӣ, яъне зӯҳду ҳақиқат ва дараҷоти он низ хеле бо тафсил баён мекунад.

пешина
аз 567
навбатӣ