Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Вай саволе мегузорад, ки хӯрдану нӯшидан ва бо халқ будан чӣ гуна метавонад бо зӯҳд созгор бошад. Ғаззолӣ посух медиҳад, ки зоҳидӣ бояд дар ҷои охир бошад, зеро хӯрдану нӯшидан барои бақои нафс зарурат дорад. Лекин шахси зоҳид дар баҳра гирифтан аз заруратҳо азму нияти лаззат бурдан надошта бошад ва танҳо бояд ба бартараф кардани ташнагӣ машғул гардад. Аз гуруснагӣ, сардию хунукӣ наҳаросад ва азми қувват гирифта, барои иҷрои фармони Худо аз неъматҳои илоҳӣ фоидаву баҳра ҷӯяд, ки ин на танҳо хилофи зӯҳд нест, балки шарти зӯҳд аст.
Дар боби фазилати зӯҳд Ғаззолӣ мисоле меорад: Аз Ҳасани Басрӣ пурсиданд: Чаро ҷомаатро намешӯӣ? Гуфт: Чандон аҷалаи охират дорам, ки ба ин корҳо намеврасам1.
Дар робита ба масъалаи баёни аҳволи гуногуни фақру фақирон, панҷумин, яъне болотарин ҳолати фақрро аз они касе мешуморад, ки ӯ бе молу мулке аст, ки ба он ниёзманд бошад. Сарфи назар аз он ки ба он мол ниёзманд аст, вале ба он майлу рағбат намекунад. Ғаззолӣ дар мадҳи фақр ривоятеро аз Пайғамбари ислом меорад, ки мувофиқи он Пайғамбар мефармояд: «Дар биҳишт сар кашидам, дидам бештари сокинони он фақиронанд ва дар ҷаҳаннам сар кашидам, дидам бештар аҳлаш занон ва сарватмандонанд».2
Ғаззолӣ фақрро аз боигарӣ боло гузошта, дар радди Ибни Ато, ки мегуфт «дорой болотар аз камбағалӣ аст», аз гуфтаҳои бузургони гузашта меорад, ки аввалан Худо бо молу мулк бой нашудааст, сониян агар
1 Ғаззолӣ. Эҳёи улуми-д-дин. Ҷ. 4. Рубъи чаҳорум. Китоби фақр ва зӯҳд. – С. 225.
2 Ғаззолӣ. Эҳёи улуми-д-дин. Ҷ. 4. Рубъи чаҳорум. Китоби фақр ва зӯҳд – С. 195.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё