Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
намояд, зеро ҳар тақлид ва тассаубе ба мисли банде бар пои сулук аст. Аз ин рӯ, мурид набояд ба ҳеҷ мазҳаби хоссе гардан ниҳад ва худро пойбанди он созад ва дар марҳилаи охирин бо тавба кардан, азобу сахтӣ ва вазнини кашидан ва даъвогаронро хушнуд намудан аз пардаи гуноҳон берун ояд.
Ғаззолӣ ба ин натиҷа мерасад, ки пеш аз ба ҷой овардани ин шартҳо зарурат ба имоме пеш меояд, ки солик бояд ба он «дасти иродат диҳад», яъне ба вай ихлосу эътиқод ва сидқу дилбастагӣ пайдо намуда, ҳамчун кӯре, ки ба канораи дарё даст ба дасти шахси бино медиҳад, худро саропо таслими шайх кунад. Ғаззолӣ вазифаҳои шайхро нисбат ба солик муайян сохта, таъкид мекунад, ки шайх бояд муридро дар «қалъае» дароварад, ки дар он аз «роҳзанон» эмин бошад ва бехатарияш таъмин гардад. Он «қалъа» чаҳор сутун дорад: хилват, хомӯшӣ, гуруснагӣ ва шабзиндадорӣ. Гуруснагӣ ба андешаи Ғаззолӣ дилро покӣ, тозагӣ, бегуборӣ ва равшанӣ бахшида, шабзиндадорӣ муридро тавоно мегардонад, дурӣ ҷустан аз мардум хомӯширо осон месозад, хилватнишинӣ бошад инсонро аз чизҳое, ки дар фикр пайдо мешаванд ва ё аз дил мегузаранд пок месозад ва озод менамояд.
Ин раванд, ба қавли Ғаззолӣ, марҳилаи поёнии такомули нафси мурид буда, баъд аз он ҷидду ҷаҳд ва
саъю кӯшиш (муҷоҳида) бо нафс оғоз мешавад ва мурид, ки аз таъсири зоҳирии разилатҳои дарунӣ озод
гардидааст, ба решаҳо ва мабдаву асоси ин таъсирот
рӯ оварда, бо ранҷу машаққат ба бадани худ ва тавассути ҷидду ҷаҳд решаҳои фасодро меканад ва маҳаббат
ба дунё, оқибатҳои онро, ки майл ба гуноҳон, таваҷҷӯҳу
эҳтиром, маҳаббат ба молу ҷоҳ аст, ба тартиби муайян
дароварда, бо ҷаҳди бузург ва иродаи қавӣ бо онҳо вориди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё