Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

асарҳо ба назар намерасад: Баъд аз ин эълон дар тамоми вилоят анҷуманҳоро доир намуданд ва ҷарсҳои муфассал карданд (с. 305). Тамоми суфраи аҷнабӣ ҳам чароғон карда буданд (с. 44). Исми ҷамъи чароғон хилофи қоида истеъмол нашудааст. Дар исми чароғон шакли ҷамъ лексикализация шуда барои ифодаи маънои хеле равшан, ё ниҳоят равшан ба кор рафтааст.

Нависанда мисли ҳамин ба исми кӯҳистон суффикси ҷамъбандииҳоро ҳамроҳ намудааст, ки миқдоран зиёд будани кӯҳҳоро нишон медиҳад: Атрофи он тамоми кӯҳистонҳои обшор, боғот, чамазор ва қанавоти (корезҳо, ҷӯйҳо) бисёре дорад (с. 124).

Ҷамъбандии калимаҳои арабӣ

Ҷамъбандии арабӣ дар китобҳои грамматикаи арабӣ, инчунин забони форсӣ ва баъзе асарҳои лексикографӣ шарҳу эзоҳ ёфтааст ва дар як қатор корҳои илмӣ мавриди баҳс қарор гирифтааст. Бинобар он мо танҳо дар хусуси истифодаи тарзҳои ҷамъбандии арабӣ дар "Туҳафи аҳли Бухоро" истода мегузарем. Дар асар миқдори муайяни калимаҳои арабӣ ҳастанд, ки мафҳумҳои соҳаҳои гуногуни ҳаётро ифода менамоянд. Гурӯҳе аз ин калимаҳо кайҳо ба таркиби луғавии забонамон дохил шуда, барои истеъмолкунандагон фаҳмоанд. Гурӯҳи дигари калимаҳои арабӣ ҳастанд, ки мушкилфаҳм буда доираи истеъмолашон хеле маҳдуд аст ва гуфтан мумкин аст, ки аз ҳудуди нормаи забони адабӣ берун мондаанд.

Маълум, ки дар забони арабӣ се шакли ҷамъбандӣ дида мешавад: ҷамъи солим, ҷамъи нодуруст ё шикаста, ҷамъи инсанно ё дугона.

Дар асари Мирзосироҷ ҳар се шакли ҷамъбандӣ дучор мешавад: а) ҷамъи солим. Ҷамъи солим дар забони арабӣ дар исмҳои ҷинси занона ва мардона бо ёрии суффиксона ба забони арабӣ хос -ун (اون) ва ё -ин (این), ё ки -от (ات) сохта мешаванд.

Суффикси арабии -от дар ҷамъи солим асосан ба исмҳои ҷинси занона ҳамроҳ карда шудааст. Ғайр аз ин дар ҷамъулҷамъ ба шаклҳои ҷамъи арабӣ низ ҳамроҳ шудааст: Ағлаб ба таҳсили улум изтирор доштам, ки таҷриботи кадоне аз ин сафарҳо ҳосил наку- дам (с. 22). Аз осороти қадим як арки ҳукуматӣ ва чанд мадраса- ву масҷиди сангиву хиштӣ мавҷуд аст (с. 6).

Дар асар шакли ҷамъи арабӣ бо суффикси -ҷот низ истифода гардидааст.

Чӣ хеле И. К. Овчинникова қайд менамояд, суффикси -ҷот- варианти фонетикии суффикси -от буда, дар забони форсӣ аз қадим

пешина
аз 159
навбатӣ