Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
фарансавиро хуб балад буд (с.258). Вақте ки ин биноҳоро дидам, фавран ба хотирам мактаби худи мо, ки рӯи буръёпора нишастан, тахтаҳои касиф, муаллимони бесаводи худи мо, ки мисли мири ғазаб ба атфол муомила мекунанд, расида, беихтиёр ашки ҳасрату рашк аз дида рехта гуфтам (с. 140). Муаллимини онҳо ҳам шӯҳрати офоқ буданд (с.102). Мактабҳои ибтидоиро ҳам хуб тартиби дурусте дода, муаллимини улум тарбия гузоштаанд (с.175).
Бояд қайд кард, ки ин хусусият дар асар характери умумӣ надорад. Маълум аст, ки калимаи муаллим арабӣ аст ва бо суффикси арабии -ин ҷамъ баста шудани он, ки баъзан дида мешавад, хилофи услуби фардии нависанда нест, вале бо суффикси -ҳо ва -он ҷамъ бастани калимаи мазкур хоси забони зинда буда, ба забони нависанда низ гузаштааст.
Исмҳои дӯкондор, савор, хизматгор, мурид, рус, шайх, дузд ва монандӣ инҳо дар асар ҳам бо суффикси -ҳо ва ҳам бо суффикси -он ҷамъ баста шудаанд. Мисолҳо: Кушка дар наздикии Ҳирот шаҳри тоза сохтаи русҳо набошад (с.200). Русон чарнииуф меноманд (с.9). Ҷунун дар мизоҷи ӯ роҳ ёфта, бо муридонои аҳмақи худ, аз хонақо баромада... (с.9).
Сабаби бо суффикси -ҳо ва ҳам бо -он ҷамъ бастани як калима ё калимаҳои як категорияи муайян дар он аст, ки нависанда, аз як тараф, ба қоидаи ҷамъбандии анъанавӣ такя кардааст, аз тарафи дигар, барои исмҳои ҷондору беҷон дар ҷамъбандӣ характери умумӣ гирифтани -ҳо мебошад ва дар забони нависанда низ ҳамчун қоидаи умумӣ шудаистода инъикос ёфтааст.
Дар асар баъзе исмҳое ҳастанд, ки бо суффикси -зор сохта шуда, предмет ва макони онро ифода менамоянд: маҳалли сукунои онҳо тамоман закалак яъне дарахтзор буд. Байни роҳ тамоман алафзор аст (с.135).
Исмҳои мазкур дар охири худ суффикси ҷамъбандии -ҳо низ қабул кардаанд: Бешаву дарахтзорҳои табиӣ ва дастӣ шинонида бисёр аст (с.91). Қадре дар миёни мақбара ва сабзазорҳо қадам зада хаёли дохил шудани шаҳрро доштам (с.128).
Ҳодисаи пай дар пай бо як исм омадани ду суффикси ҷамъбандии тоҷикӣ хеле диққатҷалбкунанда аст. Дар забони тоҷикӣ одатан исми чароғ бо суффикси -он ва -ҳо ҷамъ баста мешавад. Аммо дар асар исми мазкур ҳам ба шакли чароғон ва ҳам ба шакли чароғонҳо ҷамъ баста шудааст. Шакли чароғонҳо дар дигар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё