Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
– Ба ҳар ҳол, боз як бори дигар бо худаш гуфтугӯ кардан даркор, ба фикри ман, – гуфт Нигор. – Ду ба ду, рӯирост.
Сӯҳбати мардона мегӯянд-ку. Лекин оташин нашуда. Шумо дар ин хел мавридҳо зуд аланга мегиред. Медонам шумоя.
Ба сухани ширин мор аз хонааш баромадааст, дадаҷонаш.
– Ягон сусмори баинсоф будагист-дия, – хандид Саидбек.
Рӯзи дигар шанбе буд. Соат тақрибан ёздаҳ буд, ки ба хонаи Давид Салимич сим зад. Дар бӯдкаи автомат рақами телефонро мечиду аз дил мегузаронид, ки кош аз он сӯ касе ҷавоб намедод, кошки маълум мешуд, ки дар ин рӯзи истироҳат Довуду Садаф ба ягон гӯшаи беруни шаҳр, ба ягон канори ин олами васеъ ба саёҳат рафта бошанд. Ва Саидбек ба хонаи онҳо наравад, рӯ ба рӯи Давид нишаста, ба суханҳои нӯкизабонии ӯ гӯш надиҳад, савгандҳои тумтароқи ӯро доир ба сидқу вафо дар рафоқат, оид ба фикру зикри доимии Давид Салимич аз беҳбудии ҳоли зердастонаш оре, маҳз зердастонаш! – нашнавад.
– Алё, ин кӣ? – овози Садаф шунида шуд аз гӯшаки телефон. – Ҳой, ту Саидбек нестӣ? Биё, биё, ҳа, Салимов ҳамин ҷо.
«Нигор ҳақ аст. Ду ба ду гуфтушунид кардан зарур, роҳравон худро таскин мебахшид Саидбек».
Ба магазине даромада, як. шиша коняку ду пора шакалод гирифт. Ин дастовез ишорат мекунад, ки аз сӯҳбати ороми судманде умед дорам, дар дилаш мегуфт Саидбек. Дар ин гуна мавридҳо барои бонуи хона ҳам як даста гул мебаранд.
Аммо дар замири дил ба Садаф эҳтиром не, як эҳсосоти махлуте дошт, ки он ба ҳисси тараҳхуми кароҳатомез монанд буд. «Аҷаб, мегуфт Саидбек гоҳо ба худ, ҳамин гуна зани хушсурату хушсухан ба ин дараҷа дилнокаш мешудааст... »
Боре дар Кашолдара сим-сим борон меборид ва онҳо дар вагонаки худ нишаста, баъди наҳорӣ дам мегирифтанд.
Алексей аз шаҳр баргашт. Аз шӯрбои болаззати Умар пухта як-ду қошуқ ошомиду мисли он ки бо касе дастбагиребон шуда бошад, қавоқашро овезон карда, хомӯш нишаст.
– Чӣ шуд? Гурбаи сиёҳа дидӣ?
– Ҳеҷ воқеа не, – гуфт Алексей ва боз сокит монд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё