Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Рӯи одамизод ширин, Алексей. Медонам, ки вай хар аст, ҳамаи харигариҳояш аз ҳамин. Боз андеша мекунам, ки ҳамин қадар сол ҳамсабақ, ҷӯра будем. Рӯзҳое буд, ки дар таки як кӯрпа мехобидем, аз як коса обу ош мехӯрдем.
– О вай андеша намекунад-ку!
– Муаммо ҳам дар ҳамин. Андеша намекунад. Бо вуҷуди ин имрӯз ба котиби ташкилоти партиявӣ шаммае нақл карданӣ будам.
– Э мон ҳамон котибата. Ҳазрати ҷоғ! Ин хелиҳо – сад афсӯс! – якта. Хайр, хок ба сарашон. Чӣ гуфтӣ? Ман имшаб ба пеши Люлька меравам.
Саидбек гуфт, ки боз муддате ба ӯ мӯҳлат диҳад. Фикр карда, сонитар ҷавоб медиҳад.
Ҳамон шаб аз шиддати хаёл дергоҳе хобаш наомад. Нигор аз нафаскашиҳои ноором, аз паҳлӯ гаштанҳояш дар бистар вазъи ӯро пай бурда чароғи паҳлӯи каташонро даргиронид ва бо дастони муаттари худ рӯю мӯи шавҳарашро навозишкорона молида гуфт:
– Одати хуше доред, ки аз ҳоли хона дар кӯча гап намезанед. Лекин аз корубори кӯча ҳам дар хона чизе намегӯед. Ба гумонам, агар одам гоҳ-гоҳе баъзе чизҳоро ба ҳамсараш гӯяд, зарар надоштагист. Заҳри одама одам мегирад, гуфтаанд.
– Мабодо дар рӯзгори ту заррае заҳр бошад, ман ба худ мегирам. Заҳри худам бигузор, ки дар вуҷуди худам бошад.
– Пас маро ба он дараҷае, ки умед дорам, дӯст намедоред.
– Нигор, ҷонакам, дара задам, девор кафид.
– Не, дара задам, дар во нашуд.
– Гилаат ҷон дорад. Лекин кор бе қилуқол намешудааст.
– Бо вуҷуди он дамдузд нашавед, дадаҷонаш.
Саидбек аз муносибати байни худ ва Давид мухтасар нақл кард, Нигор ӯро мешинохт. Чанд маротиба ба хонаҳои ҳамдигар рафтуомад кардаанд. Ба назараш Давид шахси бисёр баодоб, оқил ва хеле маданӣ менамуд. Нақли шавҳарро шунида, ба хаёл печид. Аз ҷогаҳ бархоста, ба ошхона рафт, чой ҷӯшонид ва ду пиёла чойи сусти нимширин тайёр карда омад, ки одатан ба оромиши асаб ва номаълум баргаштани хоби гурезон мусоидат мекунад.

пешина
аз 248
навбатӣ