Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Чӣ рӯзи аҷибе, чӣ рӯзи хуше буд ҳатто ҳамин рӯзи вопасин, бо ҳасрату алам аз фикр гузаронид Саидбек ва бар хилофи мантиқи муқаррарӣ, воқеоти имрӯза не, балки рӯзи тӯйи арӯсиву домодиаш, саҳеҳтараш, шаби нахусти баъди тӯй пеши назараш омад. Нигор, арӯси маҳбубааш, духтаре, ки худ ӯро писандида дил баста буд ва чандон зоҳир накунад ҳам, рӯзи тӯйро як сол инҷониб баробари ӯ нигарон буд, дар ин хусус хаёлоти ширин мепарварид, арӯсе, ки дар боздидҳои сершумори байни шиносоӣ, хостгорӣ ва тӯй ба навозишҳои вай ҳалимона ва бо назокати ҳаёомези хоси духтарони боиффат посух медод, он шаб намегузошт, ки ӯ дар паҳлӯяш ба бистар дарояд. «Пагоҳ, аз ту илтимос, Саидҷон, азизам, имрӯз не, пагоҳ, рӯзи дигар...» мегуфт бо чеҳраи аз изтироб ва ҳаё арғувонӣ ба ӯ нигоҳи илтиҷоомезе дӯхта...
Сонӣ боз ҳамон фикри аввала такрор шуд, ки тамом, акнун мурдам, вале афсӯс, ки ба ройгон мемирам. Пас, як ҳафта қабл аз ман фавтидани Бузург маъние низ доштааст. Агар ӯ зинда мебуду огоҳ мешуд, ки ман ба ин тарзи нангин, бар беҳуда, бар абас, мисли як пора чӯби ковок, ба монанди як наъли кӯҳна, мисли як дона сабчаи харбуза талаф мешавам, ба ҳоли ман чӣ мегуфт ва ҳоли худаш чӣ мешуд?
Саидбек шунида буд, ки ҳамин қадар андеша, воқеа ва манзара ҳамагӣ дар бадали чанд сония ва он ҳам лаҳзаи пуртаҳлукаи пурхатар аз дилу дидаи кас метавонад бигзарад. Вале чунин ҳоли ғарибро ҳозир аввалин бор дар умраш худ аз сар гузаронида буд ва ҳоло намедонист, ки бо мулоҳизаи вазъи афтодааш машғул бишавад ё ба андешаи аҷобати ин бозии ғалатии шуури одамӣ.
Хайр, ҳар чӣ шуд – шуд. Як қадами нобаҳангом ба соҳили ҳалокат овард. Акнун илоҷе бояд кард. Аввал дар ин ҷо баэътимодтар андармон шуда, пас роҳи халосиро бояд ҷуст. Аммо оё роҳи халосӣ вуҷуд дорад? Андаке пой ҷунбонӣ, ҳамин ки пошнаи мӯза сари мӯе билағжид, рост ба коми нестӣ меравӣ. Фақат кӯмаке аз поён, ё аз боло метавонад Саидбекро аз ин варта наҷот бидиҳад. Вале дигарон аз ҳоли ӯ, ё ақаллан аз ғайб задани ӯ кай огоҳ мешаванд, кай ба имдодаш мерасанд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё