Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳар ду даст аз каф то бозу сахт дард мекунад. Хусусан сӯзиши кафҳо, панҷаҳо тоқатфарсост. Саидбек дасти чапашро аз оринҷ поён оҳиста-оҳиста, зарра – зарра ҷунбонида, тадриҷан боло бардошт. Ба ҷои холишуда шиқирросзанон фурӯ рехтани сангрезаҳоро баръало шунид. Ба дасташ нигарист. Як мушт барги сабзи бо баргҳои нимзардшуда омехтаро ҳамчунон дар каф мефишорид. Баргакони майдамайдаю дандонадори дӯлонае, ки ҳо дар болотар рӯидааст ва ӯ ҳангоми лағзиш беихтиёр даст ба навдаи овезони вай бурдааст. Навда нашикастааст ё канда нашудааст ва қариб ҳамаи барги он дар мушти Саидбек ҷамъ омадааст. Лекин пардаи байни нарангушт ва ангушти ишорат дарида, баргҳо, дасту панҷаҳо хунолуд шудаанд. Банди соат ҳам шояд дар ҳамин асно канда шуда бошад.
Саидбек ба ҳамон тариқа дасти росташро низ боло карда нигарист, ки аз ҷароҳати банди он ҳанӯз хун метаровад.
Инашро яқин қирраи тези санге харошидааст. Мехост боиси дарди зонуро низ бифаҳмад, вале аз ин ният баргашт. Чӣ ҷои таҳқиқу тадқиқ? Ба санг бархӯрдааст. Аз муайян кардани ҷои ҷароҳат ё ҳаҷми он чӣ мурод ҳосил? Аз ду сар дармоне нест. Ба ҷуз тоқат кардан, ба ғайр аз наҷунбидан, ҳаракате содир накарда, ҳамеша зираку ҳушёр буда, соати халосиро нигарон шудан дигар чорае нест. Ҳа, маҳз зираку ҳушёр хобида. Андаке биҷунбӣ, пошнаи мӯза аз лаби санг бархезад, кор тамом. Воқеан, кӯшиш бояд кард, то сулфа накунад, ё атса назанад.
Аснои ғелидан эҳтимол чандин маротиба чаппаву роста шудааст, ки ба гӯшу даҳону биниаш хок даромадааст. Ба кунҷи чашмонаш ангушт расонида дид, аз он ҷо лойи маҳине таровида, ҳоло хушк шудааст. Зери дандонҳояш регу сангреза ғиҷиррос мезанад. Аввал ҳамин чиркҳоро бояд тоза кард. Ҳоло ҳозир аз ин бештар ҳаракат карда намешавад.
Умри Саидбек дар кӯҳсор, миёни сангу сангзор гузаштааст. Ба чунин вазъ ҳеҷ гоҳ наафтода бошад ҳам, санги ба пояш такягоҳ гардида, санги наҷотбахшро аз паси пошнаи мӯза нағз ҳис мекунад. Модом ки пайкари бошаст лағжандаи ӯро боздошта тавонист, маълум мешавад, аз сангҳои ғелон нест, ё поя, ё қароргоҳи устуворе дорад.

пешина
аз 248
навбатӣ