Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Тамом. Мурдам.
Тамом шуд ҳамаи умр, ҳамаи гузашта ва ояндаҳо, ҳамаи корҳо, нақшаву ниятҳо, орзӯҳо... Тамом.. Афсӯс ки банохост ба ройгон ҳалок шудам...» Ин буд аввалин фикре, ки ба сараш омад. Барқосо омаду ҳамин сон гузашту рафт. Сипас ба ёдаш расид, ки занаш, Нигораш ба деҳа, ба назди бародараш рафтааст ва баргашта хабари фоҷиаро бишнавад, ҳоли ӯ чӣ хоҳад шуд. Духтараки чаҳорсолаашонро пагоҳӣ худаш ба боғча бурда буд. Имрӯз касе ба суроғаш нахоҳад рафт...
Пагоҳ ӯ, Саидбек мебоист ба Сочак мерафт ва пасфардо маросими ёдбуди бобояшро сардорӣ мекард...
Лаҳзае буд, ки ӯ гунбади осмонро аз чӣ сабабе бошад, хеле аз наздик бидид, ки вожгуна меафтод ва ин нуктаро ҳанӯз дарк накарда, боз олам дар назараш торик шуд.
Аз ин баландӣ, ки аз сад метр кам нест, баъд гуфт дар дилаш, эҳтимол рост бар сари яке аз харсангҳои канори наҳр биафтад, бар сари ҳамон сангҳои тираи босалобат, ки ҷонварҳои ғароибшамоили афсонавӣ барин дар оғози тирамоҳ аз зери об берун меоянд ва айёми баҳорон – мавсими обхез боз ба таги об мераванд ва ҳамаи тобистони дарози ҷануб корашон ин аст, ки мавҷҳои хурӯшонро дарҳам бишкананд ва рӯи наҳрро аз кафки ширгуни дамон сап-сафед бидоранд.
Не, худ ба худ эътироз кард Саидбек. Ба рӯи об биафтад ҳам, оқибат ҳамон хоҳад буд, чунки то расидан ба он ҷо пайкари ӯ ба чандин теғаву паҳлӯҳои барҷастаи соҳили рост бархӯрда реш-решу афгор хоҳад шуд. Вай он теғаҳои мазбутро аз он соҳил борҳо дидааст, боз чун роҳгузар ё тамошобин ҳам не, балки чун касе ки бо ин дара, бо дарёю соҳил, бо пуштаю ёнаю сангҳои бари он сарукор дорад, бо чашми тадқиқ дидааст.
Ногоҳ ба хотираш расид, ки калиди сандуқи пӯлодини бригада дар кисаи ӯст ва он ягона калид аст ва дар ин афтударафт ҳатман гум хоҳад шуд, балки кайҳо гум шудааст ва барои рафиқонаш ба даст овардани ҳуҷҷатҳо, хусусан лоиҳаи овезаи охирин бидуни ташвиш муяссар намешавад...

пешина
аз 248
навбатӣ