Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Саидбек бархоста, чароғи хонаро даргиронид, дигарон низ тани бараҳна ба сари каташ омаданд. «Барои чӣ маро бад мебинед? – гиряомез фарёд мекашид Давид. – Ман дар ҳаққи шумо чӣ бадӣ кардам? Хайр, ду ҳарфи номама дигар кардам. Номи худам-ку, ба шумо чӣ? Мӯйсарама тарошидам.
Мӯи худам-ку! Ба шумо чӣ?!».
Бачаҳо ба ташвиш афтоданд. Яке аз суроҳӣ об рехта медод, ки бигир, бинӯш, ором шав. Ҳеҷ воқеа нашудааст. Ана бирав, дигар касе аз пешонии ту даҳон намекушояд. Дуввумӣ сачокро тар карда, ба сараш мебаст, то шиддати мастиаш пасттар шавад. Саввумӣ ба роҳрав баромада, сокинони хонаҳои ҳамшафатро ба сабру тоқат даъват менамуд, ки аз ғалоғулаи бемаҳал ба танг омада, бо мушту лагаду пошнаи ботинкаҳошон девори хонаи онҳоро аз ду тараф башиддат мекӯфтанд.
Оташи алами Давид дергоҳе паст намешуд.
– Аз пахта омадем, ҳамаат дар чойхона палав пухта хӯрдед, – ҳамчунон менолид вай. – Як ҷонзот ба ман хабар надод, ки ҳарифона мехӯрем...
Саидбек ана ҳамон рӯзҳоро ба ёд овада, ба лексияи Давид Салимич гӯш дода менишаст, қи аз имрӯз эътиборан сардори ӯ буд ва шояд аз ҳамин сабаб ба ӯ такрор гуфтани нуктаҳои маълумро ба худ эб медид.
Ниҳоят, Давид Салимич ба таърифу тавсифи Саидбек гузашт.
– Не, ба виҷдонам, каллаи ту баҳо надорад, Саид! – мегуфт ӯ ва Саидбек беқаророна дар рӯи курсӣ меҷунбид, баҳонае меҷуст, то сӯҳбат зудтар ба анҷомаш бирасад. – Ҳамин қадар солҳо боз хатти электр мекашем, ҳам дар водиҳо, ҳам дар кӯҳсорон. Ина бин, ки ба сари инженерҳои овозадор ҳамин хаёл наомадааст, «ки дар тангноҳо симро ба худи кӯҳпора, ба танаи харсангҳо овехтан мумкин. Медонӣ, кори мо чӣ қадар осон мешавад? Ман он ҳалқаи дар дараи Болооб ба гӯши харсангҳои ду соҳили наҳр бастаатро бо чашми худам дидам. Қоил, дӯстам, қоил, ҷӯраи чони ман, сад ҳазор бор қоил! Ман, Давид Салимич, фахр мекунам, ки ҳамроҳи ту дар як курс, дар як факултет хондаам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё