Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мана акнун ҳамроҳ кор мекунем. Ту, худат намедонӣ, ки ман чӣ қадарҳо хурсанд? О магар ин гапи ҳазл аст? Аз ҳисоби сарфаи пояҳо чӣ қадар пӯлод, ҳазор-ҳазор тонна бетон ба фоида мемонад! Маблағи маош, харҷи нақлиёт, аз ҳама муҳиммаш вақти гаронбаҳоя намегӯӣ! Э агар ин ихтирои ту ба дигар республикаҳои кӯҳсор паҳн шавад, медонӣ, дар миқёси мамлакат чӣ қадар фоида мерасад? Не, ту худат тасаввур карда наметавонӣ. Охир ҳамаи Кавказ кӯҳистон, Қирғизистони ҳамсоя худамон барин саросар кӯҳистон, нисфи Ӯзбекистону Қазоқистон ҳам кӯҳсор. Кӯҳҳои Карпат, Сибири ғарбӣ чӣ?!
Охир Саидбек бидуни рухсати соҳиби кабинет аз ҷой бархост. Сардор ӯро то ба сари зина мегуселониду ҳамчунон бо ҳарорат ба тавсифаш идома мекард, ваъдаҳо медод, ки дар бораи ихтирои дӯсташ ба рӯзномаю маҷаллаҳои соҳавӣ ва марказии мамлакат ҳатман ва шахсан мақола хоҳад навишт. Бигузор мардум бидонанд, ки дар байни энергетикҳои тоҷик чӣ хел мутахассисони равшанфикр ҳастанд.
Аммо Давид Салимич мақола нанавишт. Ин нукта дигар ҳатто ба ёдаш нарасидааст.


Саидбек «бистари» худро аз сангҳои халалгор озод ва ҳамвор карда буд. Акнун дигар кори карданӣ ҳам надошт.
Зиёда аз ин санг гирифта, ба чои дигар кӯчонидан лозим ҳам нест, хуб ҳам нест, балки метавонад қайларо аз маза бигзаронад.
Агар илоҷе ёфт мешуду вазни пайкарро ба ягон муттакои дигар ақаллан қисман вогузоштан имконпазир мегардид, ӯ то ба миён бархоста, бо эҳтиёт ба пеш хам шуда, таги пояшро низ аз сангрезаҳо андаке озод мекард, то як ҳавзаки пургунҷоиштаре муҳайё шаваду фақат пошнаи мӯзаро не, балки ҳамаи кафи пояш, ё агар мумкин бошад, кафи ҳар ду пояшро ба сари он санги наҷотгар андармон кунад.
Афсӯс, ҳоло ин хел шароит нест. Таваккал гуфта, ягон тадбире пеш гирифтан ва ҷони бе ин ҳам ларзонро ба хатар андохтан маънӣ надорад. Санги наҷотгар қисми болои шахе ё харсанги бузурге бошад, ба ҷунбиши ӯ, ба ҷомаи амал пӯшидани нақшаҳои таваккалии ӯ тоб меорад, аммо рафту худ фақат як сангпораи на чандон калоне бошад, ки базӯракӣ дармондаасту муваққатан устувор аст...

пешина
аз 248
навбатӣ