Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Бачаҳои теззабон гоҳо дар ғайбаш, гоҳе ба худаш шунавонида, пичингҳои обдор мегуфтанд.
– Ҷӯраи мо Довуд набудааст, як лӯнда офат будааст, – мегуфт яке. – Тақдира тадбир кард-е, шаҳбоз!
– Хӯш? – гап мекофт дигаре.
– Нафаҳмидӣ? Пешонии васеъ – нишонаи хирад, мегӯянд.
Ақл, ки деҳқонӣ шуд, корд болои равған, гуфтан гир.
– Як савол дорам, бачаҳо, – бо ваҷоҳати шахси гӯлу гумроҳ ба гап медаромад саввумӣ. – Мегӯянд, ки рӯҳи гузаштагонро безобита кунед, устухонҳояшон дар қабр ба ҷунбиш омада, шақаррос мезадааст.
– Рост мегӯянд. Аммо ту чӣ гуфтанӣ?
– Донистаниам, ки ҳамин хосияти рӯҳ чанд сол пойдор мемонад?
– Ту ба масҷид бирав, ошно, ба ин саволат аз ҳамон ҷо ҷавоб мегирӣ.
– Не, мон, гап занад вай. Чӣ гуфтан мехоҳад?
– Мегӯм, ки Суқрот, Ибни Сино, Аҳмади Дониш ҷабини базеби фарохе доштаанд. Аз кори ҷӯраи мо арвоҳи онон пай барад, чӣ мешуда бошад?
– Лекин савол беҷо не, – бо ваҷоҳати олимонае ба оташи мунозира равған мерехт боз яки дигаре. – Хайр, ба фавти Суқрот дуним ҳазору ба Сино ҳазор сол рафтааст. Аммо Алломаи Аҳмад ба ҳамин қарибӣ дафн шудаанд. Боз оромгоҳашон ҳам чандон дур не, дар ҳамин атроф – дар Бухорои худамон...
Давид ҳанӯз ҳамон вақтҳо ба Садаф ном духтараки ҳамкурсашон хушомад зада мегашт. Бачаҳои тундзабони камшафқат ба Садаф ҳам гӯшрас мекарданд:
– Ба акаи Давиди мо расидагӣ зана пешониш ҳафт ваҷаб.
– Садаф, ба Давид бирасӣ, гавҳар мешӣ...
Як нимишабӣ Давид ба хобгоҳ маст шуда омад. Чароғи хонаро наафрӯхта, калавида-калавида ва ҳар дам ба мизу курсиҳои мобайни хона ва кати ҳамхонаҳо бархӯрда, либосашро бароварду ба бистараш даромад. Даромаду фиқфиқ ба гиря сар кард, пас аз дақикае бо овози баланд мегирист, ниҳоят гиряаш ба навҳаи баланди ҳой-ҳой гузашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё