Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сонитар ба оҳанги сухани сардор дурусттар эътибор дода, як-ду маротиба ба чинҳои пешониаш, ба чашмони андаке барҷастаи ӯ нигоҳ карда, дарёфт, ки Давид Салимич худ гап мезанаду дар айни замон фикраш банди муаммоест, ки бо гуфтаҳояш робитае надорад.
Бори дигар ба пешонии собиқ ҳамсабақаш нигоҳ карда, кори дар курси саввум кардаи Давид ба ёдаш расид ва пай бурд, ки лабаш ғайриихтиёр ба ханда моил мешавад.
Дарҳол даст ба рӯй бурда, масҳ кашид ва осори табассумро аз қиёфааш дур намуд.
... Аз он курс ҳама ба таълими таҷрибавии думоҳа рафтанд. Давид, ки як лаёқати модарзоди дидадароӣ дошт, бо муаллимону роҳбарон ҳамеша ба зудӣ ва осонӣ унс мегирифт ва ана мана нагуфта, ба мағзи пӯсту гӯшти онон ҷойгир шуда метавонист, ҳамон тобистон ба Ленинград роҳхат гирифт. Дигарон ба Норак, Қайрокқум, ё дур рафта бошанд, то ба Тохтогули Қирғизистону Чирчиқи Ӯзбекистон рафтанд. Давид – ба Ленинград. Аз он ҷо бо қиёфае баргашт, ки рафиқонаш дида, дақиқаи аввал ҳайрон мешуданд. Давид ҳамон Давиди пешина буд, аммо чизе дар андомаш ба назар аҷиб менамуд. Дурусттар муоина ва муқоиса карда, пай мебурданд, ки дигаргунӣ дар пешониаш пайдо шудааст. Дар кадом як муассисаи орою пардози чеҳрасоз як тасма мӯйсари пешониро тарошонида ва пӯсти зери онро ҷарроҳӣ қунонида, ҷабини аслан тангу пасти худро фароху баланд созонидааст. Азбаски аз ҷарроҳӣ ҳанӯз фурсати бисёр нагузашта буд, осори он амал мана ман гуфта, худнамоӣ мекард. Ба театр бираведу чои нишастатон аз қаторҳои пеш бошад, ғайриихтиёр мебинед, ки актёре аз рӯи мазмуни пйеса ва фармоиши таҳиягар ба сараш латта кашида, мӯйсари тозатарошидаро вонамуд мекунад ё, баръакс, аз таги ришу фаши ориятиаш ҳамон латта намудор аст ва ҳол он ки пардозгарону чеҳрасозони театр басе кӯшишҳо ба кор бурдаанд, то латта ҳамранги пӯсти зиндаи актёр бошад. Аммо хосияти театр чунон аст, ки тамошобинро ба сохта будани риш ё коғазӣ будани барги дарахтони саҳна коре нест.
Қариб як соли дароз, то даме ки ду тасмаи ҳаррангаи пӯсти пешонии Давид аз нури офтобу таъсири бод ва равғану дорувори ҳар шаб пеш аз хоб молидаи ӯ якранг нашуд, кирдори каснодидаи вай мавзӯи мутоибаи ҷавонон буд.

пешина
аз 248
навбатӣ