Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Ҳамин хел китобҳо бисёр будаанд. Нақшаи чизҳои сохта мешудагӣ, қисмҳои вай алоҳида-алоҳида кашида мондагӣ.
Ҳатто, мегӯяд Нодирҷон, расми асбобҳоро кашида мондаанд ва дар поёнаш нишон додаанд, ки кадом асбобро дар кадом маврид ва дар кадом хел чӯб ё оҳан кор фармудан лозим.
Хуллас, ки хислати одам ба дилаш мувофиқ мешудааст.
Дил сафед бошад, даст кушод, назар баланд мешудааст.
Дигар гап не. Ба халқ ҳар қадар зиёд бахшӣ, ба худат ҳамон қадар зиёдтар мемонад. Лекин баъзеҳо ба ин ҳикмат бовар намекунанд: ба назарашон ин гап бемаъно, хатто дурӯғ менамояд.
Рост, барои фаҳмидани баъзе ҳикматҳо ақли оддӣ не, ақли худодод даркор.
Рӯи қабрро ҳамвор карда, аз болои хоктеппа сангеро монданд. Ҳама рӯ ба ҷониби қибла диккак нишастанд.
Имом ба тиловати Қуръон оғоз кард. Бо овози бешираи маҳин, талаффузро саросар вайрон карда мехонд. Э худо кашад ту барин хизматгори хонаи худоя, дар дилаш дашном дод Абдурауфамак. Қӯчқорбой гоҳо дар маъракаҳои хурсандӣ ширинкорӣ карда, шеъри тоҷикиро бо оҳанги русӣ ё, баръакс, оҳанги тоҷикиро бо шеъри русӣ месарояд.
Оятхониҳои муллоимом айнан мисли ҳамон. Ришата бод хӯрад ту барин донишманда...
Пас аз он ки ҳама даст ба рӯй кашиданд, пойкор аз ҷояш нимхез шуда савол дод:
– Усто Оқил чӣ хел одам буданд?
Ин саволи анъанавие буд, ки одатан баъди дафн кардани кас ҳанӯз аз сари қабраш нахеста, ба ҷамоат медоданд.
Мувофиқи одат яке аз ҳозирон «Фалонӣ одами хуб буд»
гӯён ҷавоб медод ва ҳама баробар такрор мекарданд: «Ҳа, одами хуб буд, худо раҳмат кунад», «Ҷояш ҷаннат шавад»
ва ҳоказо.
Ҳоло ҳама аз ҷоҳои худ бархоста буданд, вале ҳанӯз касе ҷавоби анъанавиро надода буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё