Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Дили Абдурауфамак фишор хӯрда рафт. Наход чизе нагӯянд? Дар маросими дафни Раиси тасмапеч пойкор ҳанӯз саволи одатиро ба мобайн напартофта, касе гуфта буд:
– Ҳоҷати саволу ҷавоб нест. Рафтем. Ва ҳама хеста рафта буданд.
Гап, албатта, дар сари дуо нест. Агар ба дуои нек кор буд мешуд, олам кайҳо гулистон буд. Ва агар дуои бад ҳам таъсир медошт, ба ҳабсхонаю прокурору милиса ва монанди ҳамин идораю муассисаҳо эҳтиёҷе намемонд.
Саволу ҷавоби анъанавӣ гӯё баҳое буд ба умри одами дафншуда, ба қадру қимати вай. Баҳои охирини одам.
– Ҳой, бародарҳо, – қадаре оташин шуда гуфт Абдурауфамак, аз мо пурсиданд, ки Усто Оқил чӣ гуна одам буд?
О як чиз гӯед, охир.
Ӯ метавонист худаш ҷавоб диҳад, вале бисёр мехост, ки маҳз дигарон ҷавоб диҳанд.
Дақиқае бо хомӯшӣ гузашт. Онҳое ки ба пайроҳа наздиктар меистоданд, чизе нагуфта ба роҳ даромаданд.
– Устои нағз буданд Оқиламак, – гуфт ҷавоне ки дар паси Абдурауфамак меистод.
– Борон рафта ба устухонам расид, – гуфт яки дигар зери лаб ғур-ғуркунон.
– Ҳа, усто буд, – тасдиқ намуд саввумӣ.
Дигар касе чизе нагуфт. Ҳама пасу дунбол ба пайраҳа фаромадан гирифтанд.
УСТО ГАРАЖ
(ҳикояи ҳаҷвӣ)
Ҳозир ба гуфти бобом, кучука занӣ, болои мошин меафтад. Баъзе ҳангоматалабҳо ба қазои ҳоҷат мошинсавор мераванд.
Ман ҳам мошин хариданӣ шудам.
– Аввал зан гир, – гуфт бобом. – Мошин гурехта намеравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё