Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз афти кор, шарик ёфта натавонистагист-дия, фикр кард Абдурауфамак дар бораи гӯрков. Лекин раҳматӣ Усто худаш аслан шарикбезор буд, дар иморатҳои калони оддӣ мардикору ёрдамчӣ кор мефармуд, аммо ҳангоми пӯшидани биноҳое, ки ҳунари баланди наҷҷорӣ ва санъати хоси кандакорӣ мехост, танҳо кор мекард. Аксари вақт талаб мекард, ки чӯбу чахси даркориро ба ҳавлиаш оварда партоянд. Сонӣ дару тирезаҳо, қоши айвон, сутун ва зерраву забарравҳоро дар хона кандакорӣ карда, баъди тайёр шудани ҳамаи узвҳо якбора кашонда, васл ва ҷо ба чо мекард.
Ҳа, марҳум хислатҳои ғароиб дошт. Агар соҳиби иморат ё аз кашол шудани кор, ё аз баногоҳ бар хилофи аҳду паймони аввала афзуда мондани музди хизмат норозигӣ баён кунад, дигар тамом, усто пӯстинашро чаппа мепӯшиду қаҳр карда мерафт. Рӯятонро ба хок молед, пӯлабойшӯлабой гуфта, мақомашро ба осмонхо бардоред, ки дигар ба сари кори чаламондааш барнамегашт.
– Тезкорашро ёбед. Буду шуди ман ҳамин, – мегуфт ноаҳл, худо раҳмат кунад.
Маҳз барои он ки рӯзаш бе шогирду бешарик гузарад, ким-чӣ гуна дастгоҳҳо, усулҳо ёфта мебаровард. Болорҳои дувоздаҳ-сездаҳметрии то бист пуд вазн доштаро манҷаниқмонанд чизе сохта, танҳо худаш ба рӯи девор мебаровард. Чанд сол пеш як мухбир ин кори ӯро «навигарӣ, ихтирои ратсионализаторӣ!» гуфта ба рӯзнома таъриф карда буд. Астағфирулло...
Лекин чӣ фоида дид раҳматӣ аз ҳамин хислаташ? Ягон усто шогирд тайёр накунад, дунё бе усто мемонад магар?
Илоҷе ёфт мешавад-дия. Ана дар шаҳрҳо қатор-қатор мактабҳои ҳунармандӣ кушода мондагӣ. Ду сол хононда якбора то сад-дусад касро устои ҳунарманд карда мебарорад.
Харрот, ё оҳангар, наҷҷор, гилкор, монтёр, ронандаҳои мошин, поезд, – ҳазор хел ҳунари дигар. Нодирҷон мегӯяд, ки акнун ба касе шогирд наистода ё ҳатто ба мактабаш ҳам нахонда, фақат аз рӯи китоб соҳиби ҳунар шудан мумкин.

пешина
аз 248
навбатӣ