Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Абдурауфамак нарафт. Лекин писараш Нодирҷон бевақти шаб аз идора баргашта, сӯҳбати оншабаро расо таъриф кард. Одами омадагӣ аввал ин ки бисёр суханҳои тозаи ғалатӣ гуфтааст. Сонӣ ин ки дар фуроварди сӯҳбат аз саҳна ба поён, ба миёни мардум омада, гуфтааст, ки акнун сӯҳбати ҳақиқӣ мекунем, яъне ки ҳар кас савол дошта бошад, ба мобайн партояд. Яке аз никоҳу талоқ савол додааст, дигаре ба ҳимояи кадом як оини қадимӣ баромада, бо меҳмон баҳс карда рафтааст. Лекин кори аз ҳама аҷибро Қӯчқорбой кардааст.
Дар қишлоқи Ҳисорак ба ҳамин ном як одами маҳмадононамо ҳаст. Худаш мардаки бад нею андак шартакигӯй.
Ҳамин Қӯчқорбой хестаасту гуфтааст, кн одобу анъанаҳои қадимии халқамон ҳунармандеро, ки ба ҷояш шогирд тайёр накардааст, маҳкум мекард. Ҳатто мешавад гуфт, ки радди маърака мекард. Хӯш, савол додааст Қӯчқорбой, – қоидаҳои нав ба ин гуна шахс чӣ хел нигоҳ мекунанд?
Меҳмон ҷавоб додааст, ки ахлоқу анъанаҳои нав ин хел ҳунармандро аз пештара дида, сахттар мазаммат мекунанд.
Баъд меҳмон мисолҳо, далелҳо оварда, аз хусуси қарзи ҳар як инсон дар пеши ҷамоат гап задааст ва дар ҳаққи мардум қариб як гуноҳи азим будани ин хел кирдорро таъкид кардааст.
Усто Оқил аз сар то охири сӯҳбат дар ҳамон ҷо будааст.
Нодирҷон ҳикоят мекард, ки ҳамин ки сухан ба ин ҷо расидааст, Усто курсии нишастаашро тақаррос занонда хеста, бо шаст аз дар баромада рафтааст...
Дили раҳмгин – пайваста ғамгин, гуфтаанд. Кутоҳӣ аз худораҳматӣ Усто Оқил гузаштаасту динашаб инҷониб Абдурауфамак ғам мехӯрад. Вай гоҳ мардумро ба сангдилӣ айбдор мекунад ва симои ҳамсояаш Усто Оқил дарҳол пеши назараш ҳамчун як шахси ноҳақ таҳқирдида ҷилвагар мешавад. Гоҳ ба андешае меояд, ки миш-миши мардум ҳам, охир, бесабаб нест. Дар як колхози каппа-калон, ки чанд деҳаи дуру наздикро муттаҳид мекунад, устои дуредгар набошад, мушкил-дия.

пешина
аз 248
навбатӣ