Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дина бегоҳӣ камтар барф омаду боз номаълум ба борон гашт. Барф дурусттар мебориду кӯрпа мешуд, беҳтар буд.
Дар ин замини хамир барин нарм барои бардошта ба сари пушта бароварданн тобути гарон ва ҷасади дарози раҳматӣ ақаллан бисту панҷ бӯзбалаи ҳузарб даркор. Аммо ҷамъулҷамъ бист кас омадааст, ки аз нисф зиёдаш мисли Абдурауфамак одамонеанд, ки синну солашон ба як ҷо расидааст. Онҳо то сари қабр худашонро кашола карда расонанд ҳам, хуб гап.
Ба наомадани мардум борон баҳона не-куя. Рост-дия...
Замона ки тинҷ, арзонӣ-амонист, одамон ба тӯй намераванду ба ҷаноза хозир мешаванд. Аз осмон санг борад ҳам, ба ҷаноза метозанд. Ҳа, гап дар феълу хӯи худи марҳум.
Худо раҳмат кунад, устои гулдаст буд, лекин ҳунарашро ҳамроҳ ба гӯраш мебарад. Ба ҷояш ақаллан яктаяк шогирд тайёр накарде, ноасл!..
Аввалҳо ҳамқишлоқиҳо дар баъзе мавриду маъракаҳо аз Усто Оқил сухан сар карда, дар ҳаққаш гилаомез гап мезаданд. Аммо сонитар, рафта-рафта сахт гап мезадагӣ ва дар охири умраш ҳатто ба рӯяш давида, маломат мекардагӣ шуданд. Гилаи мардум ҷон дошт. Диданд, ки синни усто аз шаст гузашт, аммо аз ҷонишинаш ҳоло ҳам дарак не, дилашон хунук шуд, ҳатто ҳамон эҳтироме, ки ба ҳунараш доштанд, кам-кам аз байн рафтан гирифт.
Болои сӯхта намакоб, аввали зимистон воқеае рӯй дод, ки баъди он муносибати мардум ба Усто Оқил тамом вайрон шуд. Як рӯз радиои колхоз эълон кард, ки аз марказ олими зӯр омадааст, дар бораи ахлоқу одоб, одату анъанаҳои наву кӯҳнаи халқамон сӯҳбат мекардааст. Яъне ки хоҳишмандон ба клуб шитобанд. Абдурауфамак нарафт. Вай чанд маротиба лексияҳои дилбазани хобоварро шунида, аз ин хел сӯҳбатҳо қимоб шуда буд. Рост-дия, хонаи гармро монда, ба умед кашон-кашон меравӣ, аммо ба ту аз пайдоиши доғҳои рӯи моҳ ё касалиҳои касношунида, ё аз ягон чизи дигаре, ки ба зиндагонии имрӯза ҳеҷ дахле надорад, пӯлабой – шӯлабой гуфта чорта мелаққанду бо ҳамин тамом, омин оллоҳ акбар, ба диққататон раҳмат, боз биёед...

пешина
аз 248
навбатӣ