Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дошта бошанд.
– Эътиқод ба чӣ?
– Ба ишқ. Ба ишқе ки ибтидо дораду поён надорад.
– Ин гуна одамро то ҳамсӯҳбат нашавед, чӣ гуна мешиносед?
– Инашро ман ҳам намедонам.
Дигар то маркази район ҳар ду хомӯш буданд. Дар гӯшҳои Саид Амон ҳанӯз таронаҳои сози Мунаввар ҷарангос мезаданд. Дам ба дам симои Мунавваршоҳ пеши назараш пайдо мешуд, ки дар саҳни кема рӯи харак нишаста, бо сари хам аз чӯб чизе метарошид ё беле дар сари китф аз пайраҳаи тангу ноҳамвори деҳааш қадам зада, ба нигоҳубини ниҳолҳои ба тозагӣ шинондааш мерафт...

РӮЗИ ДАФНИ УСТО ОҚИЛ

«Ё тавба! Ин қадар сангдиланд мардум. Аз ягон бандаи шӯрбахт гуноҳе сар занаду аз байн муддате гузарад, ҳатто қонун, қонуни давлат гузашт мекунад. Ҳукумат ҳам ҳар сари чанд гоҳ ба гунаҳгорон авфи умум эълон мекунад. Аммо одамизод – не, намебахшидааст. Беақлӣ карда, ба оши касе намак пошида бошед, сад сол гузарад, устухонатон хоку туроб шуда равад, ки абераатонро аз дур бо ангушт нишон дода мегӯянд: «Нигаред, нигаред, оши бобои фалониро бобокалони ана ҳамин бача шӯр карда буд...»
Абдурауфамак бари ҷомаашро қаҳромез афшонида аз ҷо хесту чанд бор бо овози баланд «Тавба! Астағфирулло!»
гуфта монд. Баъд ба ин сӯ-он сӯи кӯча назар афканд, ки оё касе намеояд?
Не, касе наменамоид. Шибир-шибир борон меборид, Акнун дигар одам намеомадагист. Вақт хеле шуд, ҷаноза хонанд ҳам мешавад.
Аз афти кор, Усто Оқилро аз сидқи дил дуои бад карда будаанд, ки дар рӯзи мурдааш борон борад. Се рӯз боз дам нагирифта мебораду меборад. Берун аз роҳу пайраҳаи шиббашуда пой монед, то соқи маҳсӣ меғӯтед.

пешина
аз 248
навбатӣ