Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шароити шаҳр мешуд, масъала дигар буд. Дар як маҳаллаи шаҳр усто набошад ё фарз кардем, бошаду пӯлабой-шӯлабой гуфта, нозу нузро аз ҳад гузаронад, тозон ба маҳаллаи дигар меравед ва устои дигарро меоред. Яъне ки сари зулфи ту набошад, сари зулфи дигаре. Колхоз ҳам илоҷашро як навъ карда меёбад. Иморатҳои колхоз ҳамагӣ калон-калонанд. Бо ягон ташкилоти бинокори районӣ ё шаҳрӣ шартнома мебандад, аз он ҷо ҳа нагуфта, мошин-мошин устою халифаю шогирд бо асбобу анҷомашон меоянду тақар-туқур корро сар мекунанд. Ним сол нагузашта мебинед, ки, масалан гирем, як молхонаи олампаноҳ сохтаанд. Ҳа, молхонае, ки аз ин канор то он канораш пиёда равед, шалпар мешавед...
– Дада, биёед, шуморо фарёд мекунанд.
Овози Нодирҷон риштаи хаёлоти падарашро қатъ намуд. Пеш аз даромадан ба ҳавлӣ Абдурауфамак бори дигар ба ин сӯву он сӯи кӯчаи пурлой ва кӯлмакзор назар афканд. Не, дигар ҳеҷ кас намеояд. Аз ин зиёд мунтазир шудан фоида надорад.
Ҷаноза хонда шуд.
Тобутро бардошта, аз дарвоза баромаданд. Занҳои дар хона буда навҳаю фиғонкунон ба рӯи ҳавлӣ ва аз он ҷо то ба таки дарвоза омаданд.
– Оҳ, мана танҳо монда, куҷо меравед, хонадонам? Воҳ, мани ғариба ба кӣ партофта меравед, соҳибаки сарам? – гуфта навҳа мекард зани Усто Оқил.
Абдурауфамак ду-се қатра ашки ба оҷингҳои рӯяш таровида фаромадаро бо пушти дасташ пок карда, гашти худро тезтар намуд, то ки ба пеши тобут расида гирад. Ӯ дар ин гуна мавридҳо борҳо ба маърака сардорӣ кардааст.
Ҳоло ҳам мехост, ки пештар гузашта мисли ҳарвақта: «Ҳа, шаҳбозҳо, канӣ як ғайрат кунед!» – гуфта ҷавонони тобуткашро шитоб кунонад. Аз рӯи кадом як фатвое ё қоидае ба роҳи вопасин ҳар чи зудтар сабуктар бурдани бандаи мӯъмин савоб ҳисоб меёфтааст. Лекин Абдурауфамак бо азоб қадам мондани одамонро дида, чизе нагуфт. Ва он фатво низ дар ин дақиқа ба назари ӯ бепоя ва бемаънӣ намуд ва пирамард дар дилаш истеҳзоомез хандида монд.

пешина
аз 248
навбатӣ