Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Як рӯз пеш аз тӯй садои тор набаромад. Мо худ ба худ гуфтем, ки ҷароҳати дили мутрибамон акнун ба ҳам омад.
Чист, ки дар ин дунё фаромӯш нашавад? Дарду алами инсон ҳам бедаво нест.
Лекин мо хато карда будаем. Ҳанӯз ҳафта пур нашуда, садои тор боз баланд шуд. Шаби аввал сози Мунаввар хаста-хаста, гӯё аз чизе истиҳолакунон месароид. Аммо шаби дигар навои соз қудрати пешинаро аз нав пайдо кард, боз ҳамон болу пари рангини худро кушода, дар фазои дара ба парвоз даромад, дар шахҳои атрофи деҳачаи мо аз сари нав танинандоз шуд.
Мо, меҳмон-бародар, аз ҳайрат даҳонҳоро яла карда мондем. Намедонистем, ки аз ин воқеа ғамгин шавем ё хурсанд.
Як ними шаб бо чӣ коре ба рӯи ҳавлӣ баромадам. Зану бачаҳоям хоб мекарданд. Ҳамаи деҳа масти хоб буд. Лекин аз боло овози Моҳбегим меомад. Гӯш додам, ки «Фаромӯш намекунӣ? Наметавонӣ? Чаро наметавонӣ?» гуфта дағдаға мекард. Овози Мунавваршоҳ шунида намешуд. Баъд тақаррос зада ба ҳам хӯрдани ду табақаи дари оинадор ва пас аз як лаҳзаи дигар садои аҷибе ба атроф ғулғула андохт: гӯё арраи калони дусараро касе бо тамоми қувват ба санг ё танаи дарахт зада ду пора карда бошад.
Пагоҳӣ шунидем, ки Моҳбегим сетори бо садаф хотамкорӣ кардашудаи Мунавваршоҳро ба сутуни айвон зада, тикка-тикка кардааст. Сеторро шикастаасту аз хонаи Мунавваршоҳ баромада рафтааст.
Баъди ин воқеа чанд рӯз Мунавваршоҳро надидем.
Давронбек аз саҳар то ними шаб – ба ҷои ду кас танҳо худаш кемаронӣ мекард. Сонӣ касе аз Хоруғ хабар овард, ки Мунавваршоҳро дар пеши театри вилоятӣ: ҳамроҳи устои асбобҳои мусиқӣ дидааст.
Ин хабар рост баромад. Мунавваршоҳ сози наве овард, ки аз сози пештарааш ҳам зеботар буд, садояш ҳам тоза ва нафистар.
Моҳбегим ба каси дигар расид. Шавҳар ва писарчаашро худат медонӣ. Чӣ хел намедонӣ? Э қандата бизан. Охир ту дар хонаи Моҳбегим истиқомат мекунӣ-ку! Ҳа, рост, туро шавҳараш – муаллими мактаб ба хонааш таклиф кардааст, рост, рост, мебахшӣ.

пешина
аз 248
навбатӣ