Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хулоса, меҳмон-бародар, ҳамин аст қиссаи Мунавваршоҳ.
Мо, мардуми деҳа, дигар ба зандорию безани ӯ кордор нашудаем.
Ба ту чӣ гӯям, меҳмон-бародар, одам аз модар омада чашмашро худаш мекушояду олами равшанро мебинад.
Сонӣ дар рафти зиндагонӣ чанд бори дигар чашмони ӯро атрофиёнаш яла мекунанд. Ва ҳар бори аз нав чашм кушодан ӯ бештару беҳтар бино мешавад. Мунавваршоҳро мо барои ҳамин иззат мекунем, ки ӯ чашми моро ба ҳусни замин ва одамизод кушодааст. Боз чӣ гӯям ба ту, меҳмонбародар...


Саид Амон бо шофёри нимкола шинос оид ба бозгашти худ ба маркази район гапзанон карда, ба хонаи Моҳбегим омад. Чизу чораашро ғундошта, ба ҷомадонча андохт.
Магнитофони дастиашро ба китф овезон кард. Аммо таки дилаш ба рафтан моил набуд. Хуб мешуд агар сози Мунавварро бори дигар гӯш мекардам, мегуфт дар дилаш.
Ба сари кӯча баромада, аз байни мардуми дар чойхона нишаста шофёри шиносро мекофт, ки худи ӯ аз пас омада, ба оринҷаш оҳиста даст расонид.
– Муаллим, – гуфт ӯ. – Мебахшед, ба шумо дурӯғгӯ шудам. Чӣ мешуд, ки шабона ба роҳ дароем? Чароғҳои мошинаам нағз... Ин ҷо як рафиқ дорам. Як-ду соати дигар монданам лозим.
Саид Амон бо ҷону дил розӣ шуд.
Ҳамин ки ҳаво торик шуд, ӯ чизҳои худро дар чойхона монда, аз миёни боғу киштзор, аз паси тавораҳои аз санг ё шувох росткардаи ҳавлиҳо гузашта, ба наздиктари хонаи Мунавваршоҳ рафт. Дар зери чормағзи бузурге ки бо шохаҳои тавонои худ гӯё нисфи осмони дараро аз назар пинҳон мекард, нишаст.
Мунавваршоҳ ба навохтан даромад. Боз садои тор аз шӯриши эҳсосоти одам ба ривоят оғоз намуд. Боз фаввораи савтҳои махмуркунанда ба сари сомеон фурӯ мерехт.

пешина
аз 248
навбатӣ