Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Он чизе ки ҳоло менавозад, ба номаш сетор аст, аммо дар воқеъ панҷ-шаш тор дорад. Ман намедонам, ки ин хел асбоб чӣ ном дорад. Мардум мегӯянд, ки онро сози Мунаввар ё сози ҳар ду Мунаввар гуфтан лозим, чунки усто бо супориши худаш махсус сохта додааст ва он солҳост, ки танҳо аз қиссаи ду Мунаввар ривоят мекунад.
Боз чӣ арз кунам ба ту, меҳмон-бародар? Ниҳолшинониаш аз куҷо сар шуд? Даставвал дар сари қабри занаш ду чинор шинонид. Сонӣ атрофи кабристонро бо девораи сабзи дарахтони мавзунқад печонида гирифт. Баъд, аз афташ, одат карда монд. Ҳамин ки аз кемаронӣ баргашт, хӯроке мехӯраду бел дар сари китф ба ннгоҳубини ниҳолҳояш меравад. Дарахтзори саҳни мактаб, арчаҳои лаби канал, чангали ҳар ду тарафи гузаргоҳи Тангоб – ҳамааш аз меҳнати Мунавваршоҳ сарсабз аст.
Ҳа, воқеан, қариб аст, ки зангириашро фаромӯш кунам.
Ҳашт сол пеш аз ин гӯё аҳли деҳаро ғайр аз ғами Мунавваршоҳ дигар фикру хаёле набошад, аз пайи дубора зандор кардани вай афтоданд. «Охир, кори ношуданӣ шуд, аз ғусса хӯрда, дилу ҷигарро обу адо карда гаштан чӣ суд? Моҳбегим чавонзани биступанҷсолаи бева ба Мунавваршоҳ аз ҳар ҷиҳат муносиб. Хушфеъл, дӯстрӯякак. Мунавваршоҳ ҳам, охир ба чилу чор қадам мондааст, мӯи сараш аз андӯҳи гарон мошубиринҷ шуда рафт. Ин хел Мачнун барин оҳу афғон карда гаштанаш на ба худо хуш меояд, на ба бандаҳояш...»
Ҳамин тавр мегуфтанд маҳмадоноҳои деҳа. Лекин дар қишлоқ баъзе бадзабонҳо низ буданд, ки дар ҳаққи бечора Мунавваршоҳ носазо мегуфтанд. Вай касал шудааст, ӯро ба ҷинси зан дигар эҳтиёҷе намондааст, мегуфтанд.
Мунавваршоҳ муддати зиёде исроркунон не мегуфт, пас ба насиҳату ташвиқоти мардум тоб оварда натавониста розӣ шуд. Маҳмадоноҳои деҳотро худат медонӣ-ку, меҳмонбародар, ба як кор камар банданд, то дусад фоиз ба ҷо наоранд, ором намегиранд. Ғайр аз ин, овозаҳои тӯҳматомези бадгӯён ҳам, зоҳиран, ба гӯши Мунавваршоҳ расида будааст, ки ба тағйири раъяш таъсир расонид. Як майдаяк тӯй кардем. Худи Давронбек ба маърака сарубар шуд.

пешина
аз 248
навбатӣ