Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Гуноҳи Мунавваршоҳ чист? Намедонем, ки қонун дар ин масъала чӣ хел ҳукм мебарорад, лекин ҳукми мардум ин ки вай гуноҳ надорад. «Манзарбек одами бадавлат будааст, даъвогарони зӯр доштааст» гуфта овоза паҳн шуд. Астағфирулло, як гапҳо мегӯянд, ки на дар дег меистад, на дар кафгир.
Рӯзе як милитсионер, ки аслан фарзанди деҳаи мо буд, ба Мунавваршоҳ кордашро оварда додааст. Вай ҳамон шаби интиқом, намедонам, дониста ё бешуурона кордашро дар он соҳил партофта омадааст. Баъд онро мо дар дасти сарбози асабонӣ дида будем. Милитсионер бошад, ба таври худ некӣ карданӣ шуда, ҳамин корро кардааст. Яъне ки он ҷанҷолҳо пасанда шуда рафтанд, ин корд ягона далели шайъ, ягона шоҳиди он фоҷиа буд. Акнун лозим нест, бигир ва хотирҷамъ бош.
Мунавваршоҳ дар он дақиқа дар поён, дар назди қабристон будааст. Аз ҳамон ҷо кордро бо ғилофаш ба мобайни Панҷ партофтааст.
Сонӣ чанд рӯз аз хона набаромад. Аз Давронбек пурсем, мегуфт, ки нотоб аст. Баъди шифо ёфтанаш аввалҳо дар колхоз кор мекард, сонитар рафтуомади мошинҳо дар роҳи Хоруғ зиёд шуду дар Тангоб кемаи калон сохтанд. Бо Давронбек ҳар ду кемарон шуданд.
Ба маъракаю маросимҳои деҳа Мунавваршоҳ пештара барин шарик. Аммо худаш тамом одами дигар шудааст. Гӯё овозашро гум кардааст. Илоҷаш бошад, мақсадашро ба шумо бо имову ишорат мефаҳмонад. Агар ниҳоят зарур шуда монад, духтарҳои шармгин барин бо овози паст як-ду калима гап мезанаду бас.
Мо аҳволи Мунавваршоҳро бештар аз Давронбек пурсида мефаҳмидем. Дар чаҳор соли ҷанг ба куҷоҳо рафтанаш, чӣ хел дар ҷангҳо иштирок карданаш, ихтиёрӣ як соли барзиёд дар сафи армия монданаш, – ҳамаи саргузашти ӯро аз додараш мешунидем.
Соли якум Мунавваршоҳ най менавохт. Ё ба дараи боло мебаромад, ё ба ягон гӯшаи хилвати соҳил мерафту соатҳои дароз най менавохт, дили абгорашро андаке холӣ карда меомад. Сонӣ ба рубоб гузашт. Солҳои охир сетор менавозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё