Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Лекин мебахшӣ. Мо хоки пои шумо, мебахшед...
Муҳаммадмурод миёнбанди худро кушода, аз сари нав маҳкамтар мебаст. Ногоҳ фикре ба сари Аҳмад пайдо шуд.
Чаро ҳамин чиз барвақттар ба ёдаш нарасид? Бистбиступанҷ сол пеш ӯ аз дасти якта-нимта зотҳои шилқини паҳлавонтарош, ки ҳошакалло бо мо гӯштин мегирӣ гуфта гарангаш мекарданд, бо ҳамин тақал худро раҳо макард.
– Хуб, хуб, – гуфт Аҳмадбек, – ҳоҷати гапро кашол додан нест. Ман аз даъвои ту кайҳо хабар дорам...
– Лекин мебахшӣ, ака, – сухани ӯро бурида боз ба лаққидан дарамаданӣ буд Муҳаммадмурод. Аҳмадбек сахт карда гуфт:
– Гӯш кун. Бо ту гӯштин мегирам. Модоме ки аз пасам кофта омадаӣ, дар худи ҳамин ҷо ва ҳозир мегирам. Аммо як шарт дорам.
– Ҳазор шарт дошта бошӣ, тоҷи сар, ба ҷону дил.
– Ҳоло ҳамин яктоашро иҷро кун.
– Тоҷи сар гуфтам-ку. Бигӯ, ака, бигӯ, садқа.
– Маро аз ҷоям бихезон.
– Туро? Аз ҷоят? Ҳозир-дия.
Муҳаммадмурод қадаме ба пеш гузошт. Аҳмадбек дасти росташро ба ӯ дароз кард. Вай пошнаҳои ҳар ду пояшро ба дӯнгичае ки барои такя интихоб карда буд, монда, тахтапушти худро ба танаи сада ҷафс карда менишаст. «Ё пирам, шарманда накун, дастам бигир» – дар дил илтиҷо мекард ӯ.
Вай ҳамеша дар дақиқаҳои мушкил дар дили худ ба кадом як қувваи ниҳоние, ки ба хаёлаш шафеу мададгори ӯ буд, илтиҷо мебурд.
Муҳаммадмурод дасти ӯро кашола кард, ки аз ҷояш намеҷунбад.
– Намехезӣ-ку? – бо тааҷҷуб гуфт Муҳаммадмурод.
– Гуфтам-ку: бихезон.
– Ҳа-а, – мад кашида, гӯё аз мақсади ҳариф акнун пай бурда бошад, гуфт Муҳаммадмурод. – Дудаста мумкин?
– Ихтиёр дорӣ.
Муҳаммадмурод бо як даст аз каф ва бо дуввумаш аз банди дасти Аҳмадбек дошта ва поҳои худро ба замин кушод гузоштаву сахт такя дода, бо тамоми қувват кашола кард.

пешина
аз 248
навбатӣ