Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
7 Шаббода қувват гирифта, ба хирманҷой бӯи пудина ва шуввоси мавҷҳои Ванҷобро мерасонид. Аз тӯйхона ҳоло фақат овози як ҳофиз ба гӯш мерасид. Эҳтимол, мутрибони дигар ба хонаҳошон рафта буданд ва яктои боқимонда, ки аввали шаб ба ӯ фақат як-ду маротиба навбат расида буд, худро соҳиби майдон дида, то ҷон дошт, ҳунарнамоӣ мекард.
Аҳмад-паҳлавон, ки пушт ба сада такя дода менишаст, шарфаи пойро шунида, ба пеш нигарист. Касе аз тарафи қишлоқ меомад. Лаб-лаби ҷӯй меомаду бо химчае алафҳои баланди лаби ҷӯйро шарт-шарт зада ва бурида мепартофт.
Моҳ дар сари кӯҳ хеле баланд шуда, шуояш равшантар шуда бошад ҳам, кӣ будани ояндаро ҳанӯз фарқ кардан душвор буд.
Аҳмадбек ба қадаммонии шахси оянда зеҳн монда, дилаш ҷиғғӣ карда рафт. Оре, ин одам Муҳаммадмурод буд.
Ҳамин ҷо ва ҳамин соат ҷой ва мавриди муносиб аст, аз дил гузаронид Аҳмадбек. Худаш ҳам, бешубҳа, ба суроғи ман меояд. Аммо чӣ кор кунам? Наход гӯштин гирифтан лозим шавад? Садқаи гӯштин шавад ин дилсиёҳ. Пас, чӣ чора?
Муҳаммадмурод даме ба сояи сада бо диққат нигоҳ карда, тарҳи Аҳмадбекро дид, шинохт ва гуфт:
– Акаи Аҳмадбек, ту ин ҷоӣ?
Паҳлавон чизе нагуфт. Ӯ ҳамчунон фикр мекард. Аз афти кор, бо ин ҷавони худписанд қувваозмоӣ кардан дар тақдираш будааст, ба ӯ ҳанӯз ҳамон Аҳмад-паҳлавон буданашро бояд нишон диҳад ва хотири ӯро якумрӣ ҷамъ намояд. Лекин гӯштин нахоҳад гирифт. Наход илоҷи дигар нест?..
– Акнун мо хоки пои шумо ҳастем, гӯем, мешавад, – ниммасту нимҳушёр дар ҳамон ҳолати ростистодааш мелаққид Муҳаммадмурод. – Ҳа, хоки пои шумо. Лекин агар гуфтем, ки дар район ё ҳамин ҷо рӯзона ба майдон набаромадӣ, хаёл кардам, ки дар ягон ҷои хилват мебароӣ. Ҳамту не, акаи Аҳмадбек?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё