Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба назараш фақат китфи рости Аҳмадбек хаёле пеш омаду халос. Дигар аъзои баданаш заррае наҷунбид.
Аммо барои худи Аҳмадбек ин имтиҳон осон набуд.
Вақте ки Муҳаммадмурод дуввумбора зӯр мезад, ба назараш гунбади тирафоми сада гӯё яктарафа шуда рафт ва пас аз он ҳазорон даврачаҳои сурху сиёҳ дар пеши чашмаш ба рақс даромаданд.
Муҳаммадмурод бори дуввум ҳам натиҷае ба даст оварда натавонист ва якбора оташин шуда фарёд кард.
– Тақал аст ин корат, ҳаромбозӣ! Ту бихез, ман бишинам, ана агар ҷунбонӣ, ман қоил.
Аҳмадбек заҳрхандае карда, аз ҷой бархост. Посбони пир аз ғавғои Муҳаммадмурод бедор шуда, «Кист он ҷо? Кист вай?» гӯён асои худро бардошта омад.
– Акаи Назар, ин манам, Аҳмад, – пирамардро таскин дод паҳлавон ва хам шуда ба Муҳаммадмурод гуфт: Поятро ана ба ин дӯнгича такя бидеҳ.
Муҳаммадмурод дуруст ҷойгир шуда, як-ду сулфа карда гулӯяшро афшонида монд ва фақат баъди ин дасти худро ба Аҳмадбек дароз кард. Аҳмадбек, ки дар ин асно худнамоии имрӯз дар тангкӯчаи қишлоқ кардаи ӯро бо тамасхур ба ёд меовард, дасти вайро маҳкам фишурда, қасдан оҳистаоҳиста, андак-андак пеш кашида, тани ӯро аз замин ва танаи сада чудо карда, ба по хезонид.
– Аҳмад, ин боз кист? Шумо дар ин ҷо чӣ кор мекунед? – пурсид посбон, ки акнун ба сари онҳо расида омада буд.
Муҳаммадмурод, яқин, дигар тамом ҳушёр шуда буд.
– Боз як бор, ака, илтимос, – гуфт ӯ ва дар воқеъ аз оҳанги хеле нармшудаи суханаш тобиши илтимос ва узрхоҳӣ аён буд.
Бори дуввум Аҳмадбек гӯё нимҷуволаи коҳро аз гӯшакаш гирифта, ба сӯе мепартофта бошад, пайкари паҳлавони ҷавонро бо шаст кашида ва аз пеши худ гузаронида ба он сӯяш тела дод.
Муҳаммадмурод ду-се қадам онтарафтар рафта истод.
Ҳолати вай боз ба куллӣ тағир ёфта буд. Ҳам аз шиддати зӯрзаниҳои беҳуда, ҳам аз ҷӯши ғазаб фишшосзанон нафас мегирифт ва дандонҳои худро ғиҷирросзанон ба ҳам месоид.

пешина
аз 248
навбатӣ