Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Хусусан ки соли гузашта ду маротиба мавриди муносиб иттифоқ афтода буд. Хайр, мавриди якумро чандон мувофиқ гуфта намешуд, чунки Аҳмадбек аз табобатхона меомад, хавосаш аз бемории вазнини занаш хеле парешон буд. Дар варзишгоҳи маркази район гӯштин мегирифтанд. Муҳаммадмурод бо як ваҷоҳати ҷангҷӯёна гирд-гирди майдон мегашт:
шалвори трикотаж, ки ба танаш часпида меистод, то ба зону барзада шуда буд. Бо пои бараҳна рӯи сабзаи нарми майдон рустамона қадам мезаду ду бари яктаҳи нимтанааш аз бод пур шуда, шакли боли хурӯсҳои ҷангиро гирифта буд. Ҳар замон тӯппии худро аз сар бардошта ва дуқат карда, сару рӯи арақрезашро бод медод ва ба ҳар сӯ нигоҳҳои довталабона меафканд.
Аҳмадбек дақиқае аз роҳ бозистода, аз қафои тӯдаи мардум ба майдон нигоҳ кард. Худи ҳамон лаҳза чашми Муҳаммадмурод ба ӯ афтод ва низ аз гаштан монда, бо нимтаъзиме ба Аҳмадбек салом дод, сипас сари худро бо як ғурур боло карда, ба андоми ӯ нигоҳи дурударози маънидоре дӯхт. Маълум буд, ки ӯ чанд нафарро мағлуб карда, ҳоло дар талаби даъвогари тозае гирди майдон мегардад, аммо касеро ҷуръат нест, ки ба муқобили ӯ барояд.
– Офарин, писар, монда нашавӣ! – гуфт Аҳмадбек бо садои баланд ва ба роҳи худ равон шуд.
Дафъаи дигар ба худи ҳамин майдон ӯро Салим – муаллим кашола карда овард. Баробари намоён шудани онҳо раиси комитети физкултура ягона хараки чӯбинро, ки дар гӯшаи соярави майдон меистод, аз одам холӣ кунонда, онҳоро нишонид. Арафаи иди Октябр буд, тақрибан сӣ нафар ҷавонон, ки аз ҳамаи гӯшаҳои район омада буданд, мусобиқа мекарданд. Ҳакамҳо ба ғолибон транзистор, соат, либосворӣ ва дигар гуна тӯҳфаҳо медоданд.
Муҳаммадмурод баромада охирин ғолиби майдонро афтонид. Боз як-ду нафар довталабони аз гӯшаҳои дурдасти район омадаро низ мағлуб намуд. Баъд ба даврзанӣ дар гирди майдон шурӯъ кард. Вай чун аспи ҷавмасте, ки махсус барои пойга парво кардаанд ва дар арафаи мусобиқа гирди яккамех бесаброна қадам мезанад, вазнин-вазнин нафас кашида давр мегашт ва ҳангоме ки наздик мешуд, тамошобинон садои нафаскашии ӯ ва дар зери пошнаҳои фарохаш саҳле ларзидани заминро баръалоина ҳис мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё