Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Муҳаммадмурод аз рӯи одати худ тӯппиашро ба даст гирифта, сару рӯяшро бод медод. Гоҳо яктаҳи кӯтоҳи аз матои ғафси бақувват махсус барои гӯштингирӣ дӯзондаашро аз китф ба қафо, ба рӯи шонаҳо фароварда ва даст ба миён монда роҳ мегашт. Дар ин асно баръало дида мешуд, ки ғафсии сару гардани паҳлавони ҷавон ба як андоза аст. Дар он ҷое, ки китф ва бозувонаш ба ҳам мерасанд, ду теппачаи мушак, мисли ҳандалак дамида баромадааст. Мушакҳои дасту пою гардану синаи сермӯяш аз ҳар як ҳаракат бозӣ мекунанд. Донаҳои арақ дар шуои офтоби бегоҳирӯзӣ чун алмоспораҳо медурахшанд.
Дигар ҳариф набаромад. Муҳаммадмурод ба пеши мизи алвонпӯше ки дар тарафи муқобили харак гузошта буданд, рафта истод. Дар сари миз раиси комитети физкултура ва дигар ҳакамҳо менишастанд. Муҳаммадмурод хам шуда ба онҳо чизе гуфт. Раиси комитети физкултура низ зери лаб чизе гуфту китф ба ҳам кашид.
Аҳмадбек бо Салим-муаллим саргарми сӯҳбат буд. Нохост касе аз таки гӯшаш «Акаи Аҳмадбек» гӯён ҷеғ зад. Ин раиси комитети физкултура буд, ки аз қафои харак омада, сар ба мобайни онҳо даровардааст.
– Акаи Аҳмадбек, – такрор намуд раиси комитет, – Муҳаммадмурод мепурсад, ки оё шумо дигар ҳеҷ гоҳ гӯштин намегиред?!
Аҳмадбек то буни гӯшҳояш сурх шуда рафт. Ана, он миш-мишу пичир-пичирҳои Муҳаммадмурод чӣ маъное доштаанд. Дар муомила бачаи дидадарою соҳибхирад менамуд, аммо... Хайр, ҳар кас кунад бо худ кунад, хоҳ нек кунад, хоҳ бад, гуфтаанд. Ҳоло дигар илоҷе нест, ӯ ба майдон мебарояд.
Вале Салим-муаллим аз китфи Аҳмадака зер карда, ӯро хестанӣ намонд ва ба раиси комитет рӯй оварда гуфт:
– Чаҳор сол шуд, ки Аҳмад гӯштин нагирифтааст, худатку хуб медонӣ, боз чаро мепурсӣ? Тавба, охир ту худи ҳамин пагоҳӣ аз осмон наафтодаӣ-ку?
Раиси комитет «мебахшед, мебахшед» ва боз ким-чӣ гуна калимаҳоро афвталабона такрор намуда, ба ҷои омадааш баргашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё