Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Садои гуфтугӯи ҷавонон аз таъсири машрубот ҳар дақиқа баландтар мешуд.
Ду-се нафар мутрибони ҳаваскори деҳа ва қишлоқҳои боло бо навбат ба мобайни ҳавлӣ баромада, доираю рубоб ё думбра дар даст суруд мехонданд. Онҳо мувофиқи услуби солҳои охир расмшуда, ба артистони эстрадаҳои шаҳр тақлидкунон ба пасу пеш ё гирдогирди саҳни ҳавлӣ оҳистаоҳиста қадамзанон ҳунарнамоӣ мекарданд.
Ба гӯши Аҳмадбек ҳоло савту тарона намедаромад. Аз афташ, инони ихтиёри дил бо мурури замон суст мегардад, фикр мекард ӯ. Даҳ сол, ё ҳатто панҷ-шаш сол пеш аз ин агар аз касе меранҷид, худ ба худ далелҳо оварда, таскин меёфт. Охир, панҷ панҷа баробар нест-ку, мегуфт ӯ ба худ ё зарбулмасали машҳурро ба ёдаш меовард ки:

Нокасе гар аз касе боло нишинад, айб нест, 3-он ки хас болои обу зери дарё гавҳар аст.

Оре, чанд сол муқаддам тағири рӯҳия ба ӯ ба осонӣ муяссар мешуд. Ҳоло ин тавр не. Ҳамин ки аз касе димоғаш сӯхт, гоҳо то як ҳафта парешонҳол мегардад ва даруннокӣ ғам мехӯрад.
Ба ин Муҳаммадмурод боз чӣ лозим? Дар музофот ба ҳама ғолиб омад, аз калоншавандаҳои физкултураи ҳар се райони ҳамшафат раҳматнома, ё чи хеле, ки ҳоло мегӯянд, грамота гирифт. Чанд бор ба Душанбе, як бор ба кадом як республикаи ҳамсоя, аз афташ, ба шаҳри Фрунзе фиристоданд. Ҳамин қадар обрӯю эҳтиром бас нест? Не. Вай Аҳмадбекро ҳам афтонданист. Ба мобайни маъракаи калон бароварда, дар пеши назари халқ афтонданист.
Охир Аҳмадбек чаҳор сол шуд, ки бо касе гӯштин нагирифтааст. Акнун инро ба худ эб ҳам намебинад. Гӯштин ба ҷавонон мезебад. Паҳлавонони ҳамсинну ҳамвазни ӯ кайҳост, ки аз қатор баромадаанд, ё фавтида ва ё ба ҷоҳои дуру наздик парешон шуда рафтаанд. Гӯштин ҳам қоидаву қонун дорад, одоб дорад.
Ё шояд қоидаву қонун гуфта нагашта, ин ҷавони хирасарро каме ҳушёртар карда мондан лозим буд?

пешина
аз 248
навбатӣ