Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Ҷага ҳам ба ҳамин тариқа сӯи ман давид. Дар ними роҳ саҳле калавид, ба тарафи девори хона майле карду омада сари худро ба новадони тунукагӣ зад. Гумбурроси новадон ва навҳаи саг ба ҳам печид.
Намедонам чӣ шуд, аммо дигар худро даст гирифта натавонистам. Бо овози баланд гиристам, очаам тозон омада, сарама сила карда, «писарам, чӣ шуд, боз ин ҷавонмаргбоб туя газид?» гуфта буд, ки дигар бо тамоми овоз гиристам.
Ман мегиристаму ҳис мекардам, ки зӯри худам ба худам намерасад. Ман ин гиряро, ин нишонаи мусибати беандозаю бепоёни худро пешгирӣ карда наметавонам. Ҳатто дар пеши назарам пайдо шудани шиппаки сурхи Лена, зонуи харошидаю қашқашудаи ӯ ба сели гиря монеъ шуда наметавонист.
Додому амаки Миша, очааму Лена, бибиам чанд қадам дуртар аз ман хомӯш меистоданд. Ҳатто модаркалонам чизе намегуфт, сокит ба хаёл рафта буд.
ДАЪВО
1 Марди паҳлавонро ҳанӯз аз хеле масофа шинохтан мумкин. Паҳлавонон зотан пайкари салобатнок доранд ва бар замми ин барои афзудани ҳашаматашон ҳар кадоме ба тарзе андоми худро «рангубори» иловагӣ медиҳад. Яке, масалан, мӯйлаби ғулии шофшакле монда, ба дили атрофиён воҳима ангезад, дигаре рафтори махсуси паҳлавононаро чунон касб мекунад, ки ҳангоми калон-калон қадам гузошта роҳ паймуданаш замини гирду атроф гум-гум садо бароварда, сабук-сабук меларзад. Саввумӣ ақида дорад, ки шиками калони лап-лаппони чаҳор кас медидагӣ низ ҳамчун омили таъсирбахше дар назари ҳариф аҳамият дорад, гарчи дар аснои гӯштин ба соҳиби худ аз кӯмак дида, бештар халал расонидани он ба ҳар кас маълум аст.
Лекин Аҳмадбек аз қабилаи паҳлавонон тафовуте дорад.
Агар шахси ношиносе ӯро бубинад, ба гӯшаи хаёл ҳам намеорад, ки номи нахустпаҳлавони як музофоти бузургеро солҳои сол ҳамин мардак бардошта бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё