Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Аз ин гап, албатта, чунин хулоса ҳам баровардан лозим нест, ки гӯё Аҳмадбек як одами миҷморуқи назарногир бошад. Вай ҳам марди пуррапайкар аст, қади аз миёна қадаре баландтар, синаи фарох, дасту бозувони расо, каллаи калон ва пешонии ба ҳамин муносиб васеъ дорад. Аммо ин гуна ҳайат ба сари худ ҳанӯз шакли баҳодурона нест. Илова бар ин, Аҳмадбек як мӯйлаби тунуки базӯракӣ дорад, ки аз бепарвоии соҳибаш ба кадом тараф – ба боло ё поён, ё рост ба сӯи баногӯш – тоб дода шудани он ҳам аксаран аён нест. Роҳгардиаш бошад, гарчи дар он тамкин ва гаронмоягӣ мушоҳида мешавад, ҳаргиз гашти бовиқори махсуси паҳлавонон нест.
Баъзе одамон мегӯянд, ки Аҳмадбек муғамбир аст ва худро қасдан одами оддӣ вонамуд карда, дар майдони талош ҳарифро ба ғафлат мемононад, яъне ба чашми ҳариф хок пошида, баъд нохост ӯро гирифта парчини замин мекунад.
Як тоифаи дигар мегӯяд, ки агар боиси барори кори Аҳмад-паҳлавон муғамбириаш мешуд, пас чаро паҳлавононе ки хислатҳои ӯро кайҳо боз медонанд ва хуб медонанд, аз ӯ мағлуб мешуданд? Не, муғамбирӣ дигар чиз асту ҳилаю тақали хоси гӯштингирони моҳир – чизи дигар. Ягон паҳлавони асил аз пушти муғамбирӣ обрӯй наёфтааст...
Ростӣ, гӯштини тоҷикӣ гӯштини махсусест, ки дар он ҳам чолокӣ лозим асту ҳам зӯри миёну бозу. Зӯр бошеду лаванд бошед, ягон ҷавонмарде, ки танҳо нисфи қуввати шуморо дорад, аммо чобуку чаққон аст, ҳанӯз шумо ба мобайни майдон нарасида, гирифта ба замин мезанад. Аммо аз чолоктарин ҷонварони олам чобуктар бошеду аз зӯри миёну бозу дар пайташ ва устокорона истифода бурда натавонед, боз ҳам ғалаба аз шумо гурезон аст.
Аҳмадбекро ҳарифон на бо зӯр мот карда тавонистанд, на бо ҳила. Дар як майдон мебинед, ки дар муқобили ҳарифи тезу часпоне, ки ҳафтоду ҳафт усули гӯштинро об карда хӯрдааст, ӯ мисли кундаи ҷувоз устувору ноҷунбон истодааст. Мисли ҳамон кундае, ки аз нисф зиёдаш, қисми паҳну ғафсу решадораш ба замин гӯронида шудааст. Ҳарифи серҳаракат бошад, чун аспи масти кору кучаннодидае, ки нав ба ҷувоз андохтаанд, аз давидан дар атрофи Аҳмадбек монда шуда, охир нафаҳмида мемонад, ки кай ва чи гуна тахтапушташ ба замин расидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё