Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Акнун бисёр аккос намезад, фиғон кашида шикоят мекард.
Оҳиста-оҳиста роҳ мегашт, зеро агар тозад, ҳатман аз роҳ баромада, ба ягон чиз бармехӯрд. Рӯзе ба ҳавлиамон ду духтури ҳайвонот омад. Яктоаш, мӯйсафеди айнакаш тилогин махсус духтури сагҳо будааст. Нақли падарама гӯш карданд, коғази таҳлилҳои лаборатории хун, оби даҳони Ҷагаро хонданд, худи сагро, ки ниқоб дошт, ба ҳар тариқа муоина карданд.
– Зор монад, нозуктарин узви ҷонварон асаб-дия, – гуфт мӯйсафед. – Забон медошт, эҳтимол, ягон илоҷ ёфтан муяссар мешуд. Истед, ки номаша чӣ гуфтед? – нохост пурсид духтури пир ва баъди ҷавоби додом илова намуд: – Тасодуфи аҷиб: ба ҳарфи лотинӣ номи Яго – персонажи Шекспир ва номи сагатон як хел навишта мешавад. Бечора Отелло аз дасти Яго хонасалот шуду лекин то дами вопасин ӯро Ягон бошараф меномид. Хайр, ин тасодуф. Бешак, тасодуф.
Хӯш, соҳиби саг, ба назарам, ҳамин йигитча-а? Бисёр нағз, бисёр хуб. Хайр, бо ин кас худатон сӯҳбат мекунед. Эҳ чӣ хел айёми ширин кӯдакӣ, ҷавонӣ! Оҳ дунёи бебақо!
Аз ҳамаи ин оҳу воҳу нақлу ривоят дар бораи Ягою Отеллоҳо бе сӯҳбати махсуси додом ҳам пай бурдам, ки духтурҳо дарди Ҷагаро бедаво гуфтанд. Худам ҳам медонистам, ки ҳоло табобатхонае нест, ки он ҷо чашми нобинои сагонро бино кунанд. Асаби онҳоро даво намоянд.
Рӯзи истироҳат, додом дар хонаи амаки Миша буд. Дукаса яхдони онҳоро соз мекарданд. Очаам дар ошхона мураббо мепухт. Ман нигарони ҷӯраам менишастам. Ҳамроҳ ба оббозӣ рафтанӣ будем. Ногоҳ ба ёдам расид, ки агар Ҷага бадхашм намешуд, ба сараш ин рӯзҳо намеафтод ва мо ҳамроҳ ба оббозӣ мерафтем. Чаро дар рӯи дунё ҳазорон ҳазор сагҳо сиҳат-саломат гаштаанду маҳз саги ман ин хел девонаавзо? Бибиам мегӯяд, ки ҳар чиз аз тақдир. Барои чӣ ин гуна ҷазоро ба тақдири ман раво дидаанд? Ман чӣ гуноҳ дорам?
– Ҷага! Ҷага! Ин сӯ биё!
Дар кинофилмҳо дидаед, албатта, аспҳои канории фойтунҳои сеаспа сару гардани худашона камонвор тоб дода пеш метозанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё