Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Ана ҳамин муомилаи сахташ ба Ҷага бенатиҷа намонд.
Ҷага дасти ӯро низ газид. Ростӣ, дандонаш ба гӯшту пӯст нарасидааст, аммо соати навашро бо дастаи ялаққосии оҳанинаш тамоман аз кор баровард. Дар рӯи ҳавлӣ палосеро партофта, магнитофонро барои таъмир ва равғанмолӣ ба қисмҳо ҷудо карда менишаст, ки Ҷага ба пешаш омад. Чӣ шуду як лаби тахтапораеро ки ба рӯяш винту мурватчаҳои бисёре мехобид, зер кард. Тахта чаппа шуда, нисфи мурватҳо ба даруни алаф рехт. Додом бо ғазаб Ҷагаро сарзаниш карда, аз паҳлуяш тела дода буд, ки аз банди дасташ гирифт. Хайрият, соаташ бақуввати ғафс, тасмааш ҳам пружинадори пӯлодин буд. Набошад, чӣ будани сӯзандорую санбакинститута худаш ҳам месанҷид.
Ҳангоми таоми шом Озода соати додома ба сари дастархон овард. Бибиам онро гирифта, аз назар мегузаронид.
Дандони ашки Ҷага шишаро шикаста, аз сиферблат, аз мобайни механизми соат гузашта, то ба девораи пасаш чуқурак карда буд.
– Бедарди саре нишаста будам, пул додаму дарди сар харидам, – замзамакунон гуфт бибиам. – Акнун ба шумо ҳам пандиёд шудагист? Акнун ягон илоҷ мекардагистед?
Ба додом «шумо-шумо» мегуфт. Ин ҳамин хел аломат буд, ки агар ба илоҷе ёфтан ваъда надиҳад ва он ваъдаро иҷро накунад, пушаймон хоҳад шуд. Падарам ваъда дод.
Ҳамон шаб додом ба модарам мегуфт:
– Ҷага ном монданам дар дилам армон шуд. Дурӯға гуфта будам, ки маънои номаш нотарсу далер аст. Ҷага номи шӯрапушти одамкуш,аз як филми ҳиндӣ.
– Тавба. Шумо ҳам кам-кам хурофотпараст шуда истодаед. Ин чӣ бало буд?! – гуфт модарам. – Ба феълу хӯи ҷонвар номаш чӣ алоқа доштааст?
– Дораду надорад, намедонам. Ман армони дилама гуфтам.
– Аз як ҷиҳат гапатон ҷон дорад. Нияти нек ними давлат, гуфтаанд. Зарбулмасале нест, ки мардум беҳуда гуфта бошанд.
Ҷага кӯр шуд. Аввал чашми обраваш, сонитар инаш ҳам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё