Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
– Э ташвиш накашед, Нодирҷон.
– Ташвиш не. Воқеан, ака, шумоя ба ташвиш монондем:
болорҳотона аз ночорӣ ҳезум кардем.
Абдувоҳид-ака «медонам» гуфтагӣ барин саҳле сар ҷунбонид.
– Клуби колхоз госпитал шуд. Ба шаҳр наздик-дия.
Ҳамин зимистон ҳезумаш ба зиммаи колхоз буд. Ҳезуми тар ҳасту охир, бе пешдаргирон намешавад... Аз нӯкаш чаҳор болорро бурронида ба ду бевазан додем. Ана инҳо ҳам аз ҳамон ҳисоб.
– Ҳеҷ воқеа не, – гуфт Абдувоҳид-ака. – Ҷон дар амон бошад, ҳама чиз ёфт мешавад.
– Болор тайёр, ака. Хиёбони сафедорони мо шинондаро дидед, албатта. Ман ба ҳар эҳтимол зич-зич шинонида будам, ки мабодо офате расида, як қисмаш хушк шавад ҳам, радда вайрон нашавад. Не, ҳамааш гирифтааст. Ҳамин хиёбон аз они шумо. Ҳар қадар болор лозим шавад, бурида медиҳам.
– Ҳоҷат ба дарахтбурӣ не, Нодирҷон. Гуфтам-ку, ҷон дар амон бошад, чиз ёфт мешавад.
Саидмурод як табақ палавро ба дастархон печонида овард. Палави айёми ҷанг: аз биринҷи майдае ки замони осоишта ҳиммат кунанд, аз он шавла мепухтанд. Ба ҷои гӯшт – се дона тухми мурғ.
Баъди ош Нодир аз бағалкисааш гиреҳакеро бароварда, аз як тарафаш бо дандон газида, яла кард. Дар латтапора ним каф чойи кабуд баста шуда буд. Чойи кабуди асил.
Нодир тирамоҳи соли дигар вафот кард. Мегӯянд, ки ба ҳамкишлоқиҳо васият кардааст, ки ба хиёбони сафедорон минъбад бе иҷозати Абдувоҳид-ака касе даст нарасонад...
Шояд аз ҳамин сабаб ҳама хиёбонро ба номи Абдувоҳидамак пайвастанд?
Шароити шаҳр бошад, ба комиҷроия рафта арз мекунӣ.
Гапат ҷон дошта бошад, қарор мебарорад, ки фалон кӯча, ё майдон, ё хиёбон ба номи фалонӣ шавад. Ба тунукаҳои хушрӯи осмониранг номро навишта, ба дару девор мечаспонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё