Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Аммо дар афсона мусибат ҳар қадар бузург бошад ҳам, илоҷаш ҳаст. Писар оқибат бо зафар бармегардад ва ҳамроҳи зани нозанин ё симу зари беҳисоб боз як миқдор оби ҳаёт меорад, ки баробари як ҷуръа нӯшиданаш дар бадани пирони нотавон дубора ҷон медамад.
То Абдувоҳид-ака аз фронт бо як пои чӯбин ва асобағал баргашт, ки занаш тамом афтода шудааст. Ӯро ғаму ғусса бистарӣ карда буд. Лекин аз мӯъҷизаҳои афсонавӣ ному нишоне набуд. Хусусан дар он солҳои гарон, ки табибони гулдаст ҳама дар майдони ҳарб бо давою дарбеҳи танҳои маҷрӯҳ машғул буданд.
Ҳамон пагоҳии қаҳратуни моҳи феврал зан баъди ношто аз шавҳар хоҳиш намуд, ки аз мағзи кӯрпаҳои таҳмон дастаи мактуби писаронашро бароварда, хонда диҳад. Абдувоҳид-ака дар бадали чанд рӯзи аз фронт баргаштанаш ин корро қариб ҳар саҳар мекард. Вай ин дафъа низ дар пешгоҳи хона истода, мактубҳоро аввал ба ду ҳисса тақсим кард: ба як тӯда – мактубҳои фитшудаи писари калонӣ, ки дар ҷанг ҳалок шудааст.
Бокимонда – аз они писари хурдӣ, ки дар қисми танкӣ хизмат мекард ва зинда баргаштани ӯ ҳоло ягона умеди падару модар буд.
Падар мактубҳои писари хурдиро, ки аз такрор хондан қариб аз ёд шуда буд, бори дигар хонда дод. Зан ашки шашқаторашро пок карда, муддате сокит нишаст. Пас бо чӣ андешае ба пои чӯбини шавҳар даст расонида, бо лабханди аламноке гуфт:
– Порсол андаке мадорам буд. Ба боғ рафта, боми хонаҳоро ду бор бел кунонида будам. Ҳоло барф кӯрпа шуда хобидагист...
Ин буд, ки Абдувоҳид-ака барои бомбелкунӣ ба деҳа равон шуд. Соате дар канори шаҳр мунтазир истода, ба аробаи колхоз савор шуд. Аробакаш Саидмурод, ҳамсинн ва ҳамсинфи писари калониаш, аз нишастгоҳи худ чобук парида фаромад ва ӯро фарзандвор ба оғӯш кашид, ба марги ҷӯрааш ҳамдардӣ изҳор кард.
Дар болои аробаи баланди дучарха қуттии тахтагине устувор карда буданд. Қуттӣ пур аз поруи тоза буд,ки Саидмурод аз корвонсарои шаҳр барои полезҳои колхоз мекашонид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё