Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Худашон ҳам хишти аз хумдон баромада барин пухта шуданд.
– Бешубҳа, комиссар, – тасдиқ мекард полковник, – боз оянда нишон медиҳад, лекин ман аз ҳозир метавонам бо эътимод гӯям, ки онҳо аз солдатҳои кадрӣ ақиб нахоҳанд монд.
– Агар муболиға нашавад.
– Ҳеҷ ҷои муболиға нест. Худат ба инҳо нигоҳ кун, комиссар, онҳо аз субҳ то ҳоло ба по ҳастанд, лекин кас дар чашмонашон ягон аломати хирагӣ, дар симояшон ягон нишонаи мондашавиро дида наметавонад.
Исти ҳозираашон ҳам шер барин.
– Ҳар чӣ бошад ҳам, ба онҳо бисёртар ҳамон чизеро ки дар ҷанг лозим аст, омӯхтан зарур. Агар то ин дам дар таълими ҳарбӣ, «як кас дар майдон сарбоз намешавад» – гуфта омада бошанд, мо баръакси он, – «як каси дар майдон монда ҳам бояд сарбози қобили ҷанг кардан бошад» – мегӯем.
Полковник ба гуфтаҳои комиссар шарик шуда гуфт:
– Мо аз ин хусус дилпур ҳастем. Ин насл, яъне авлоди ту, рафиқ комиссар, агар хато накунам, дар ҳақиқат аввалин бор ба даст яроқ гирифта баробари русҳо ба ҳифзи мамлакат меравад. Ман онро ҳам ба назар дорам, ки дар замони пеш ҳеҷ як офсари рус ва аз ҳама аввал ҳуку мати подшоҳ ба дасти халқҳои Осиёи Миёна ва Кавказ аслиҳа дода ба ҷанг дароварданро ҳаргиз роҳ намедод.
– Чунки онҳо, ҳамин ки ба даст силоҳ гирифтанд, онро пештар аз душман ба муқобили худи подшоҳ кор мефармуданд, – гуфт комиссар дар мобайни сухани полковник.
– Ҳа, бале. Акнун бошад, кас аз бардам қадаммонию яроқро чусту чолокона ба кор бурдани онҳо ба ҳайрат меояд.
Сӯҳбати полковник ва комиссарро овози «Смирно»
ва ба назди командири қисм омада гузориш додани сардори ситод бурид. Полковник Тополев ва комиссар Калонзода аз ҷои истодаашон рӯ ба рӯи ҷанговароне, ки чорқаторӣ саф кашида буданд, рафтанд. Тополев машғулияти имрӯзаро кӯтоҳ ҷамъбаст кард ва аз байни саф якчанд командирони отделения, ҷанговарони қаториро ба назди худ даъват кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё