Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

БОБИ ЁЗДАҲУМ

Аз аввали моҳи январи соли 1942, баъд аз комилан ба анҷом расидани корҳои ташкилӣ, қисми тирандозии тоҷикӣ ба давраи асосии таълими ҷангӣ-сиёсии худ сар кард.
Аз аскари қаторӣ сар карда то командирони баландрутба дар зери барфу борон, дар саҳрою теппаҳо, дар шароити ба вазъияти майдони ҷанг наздиккардашуда машғулият мегузаронданд. То банди пой ба лой ғӯтида машқ мекарданд, сина ба замин дода сангир меканданд, тир меандохтанд, граната мепартофтанд, тӯпу пулемётҳоро гоҳ бардошта, гоҳ тела дода, аз як марра ба марраи дигар медавиданд ва мехазиданд, бар зидди танку тӯпҳо мубориза бурданро машқ карда, аз зери сангирҳои танкпахшкарда беиллат сар бардошта, аз иҷрои вазифаҳои аз ин мушкилтари ҷангӣ ҳам сар намекашиданд.
Вақте ки онҳо субҳи барвақт ба машғулият баромада, дар ғуруби офтоб бармегаштанд, аз чаккаю пешонаашон арақ ҷӯшида, аз сарулибоси аз арақ таршудаи онҳо буғ мебаромад.
Командири қисм полковник Тополев, ки бисту панҷ соли умри худро дар хизмати аскарӣ гузарондааст ва аз аскари одӣ то ҳамин рутбаи баланди ҳарбӣ расидааст, ба ин ҳолат аз машғулият баргаштани фармонбарони худро бо мамнунӣ аз назар мегузаронд. Вай ин мамнунияти худро бо хурсании зиёд ба комиссари қисм Калонзода изҳор карда мегуфт:
– Ана ин айни гуфти сарлашкар Суворов аст: аскар дар машқ чӣ қадар бисёр арақ кунад, дар ҷанг ҳамон қадар кам хун талаф медиҳад.
Комиссар Калонзода, ки ходими собиқи ҳизбӣ, одами боазму иродаи вазнин, пуртаҷриба буда, ҳар як корро бо маҳорати ташкилотчигии ба худ хос адо мекард, ба ҷанговарон бо чашми пурмеҳр ва ифтихори падарона нигоҳкунон, ба полковник ҷавоб мегардонд:

пешина
аз 333
навбатӣ