Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Номам Мамараҷаб, номи падарам Юсуф, рафиқ сардор.
– Ана, ба шумо бисёр хуб шудааст, бо ҳамдеҳаатон дар як ҷо зиқ намешавед, – гуфт комиссар ва хандида – хандида ба гап давом кард, – акнун даҳ сол дар аскарӣ бошед ҳам, чӣ парво?
Сафар ба симои Мамараҷаб нигоҳ кард. Вай ба замин чашм дӯхта буд.
– Аз ҳоло ватанашро ёд кардааст. Рафиқ комиссар,
– гуфт Сафар чашмонашро аз Мамараҷаб наканда.
Мамараҷаб ба Сафар нигоҳи норозиёна карду гуфт:
– Дар мусофирӣ кӣ ёд намекунад?
Комиссар абрувони кӯтоҳ – кӯтоҳи худро чин карда, чашмони сердиққаташро ба Мамараҷаб дӯхт.
– Чӣ илоҷ, Мамараҷаб, ҳамаамон ҳам ёд мекунем.
Лекин ин муваққатӣ аст. Ин хизмати мо адои ӯҳдадории муқаддас аст. Медонед, дар байни халқ чунин зарбулмасал аст: «Мард бояд, ки ҳаросон нашавад, мушкиле нест, ки осон нашавад...» Агар аз ҳоло аз душвориҳо тарсида, зуд худро гум карда ҳаросон шавед, оқибаташ чандон хуб намешавад.
Комиссар даме хомӯш монд, Қурбон ба комиссар муроҷиат карда гуфт:
– Рафиқ комиссар, мо розӣ ҳастем, ки ҳозир ба ҷанг фиристед.
– Охир, ҳар як тиреро, ки дар ин ҷо мо ҳар рӯз ба нишони холӣ мепарронем, дар ҷанг ба синаи фашист холӣ мекунем, ҳеҷ набошад аз се дутаашро мехобонем,
– илова кард ҷанговари тануманди сияҳпӯст, ки дар қисм аллакай бо номи Маҳдӣ – мерган ба ҳама машҳур шуда буд.
– Нарафта намемонем, рафиқон, як рӯз пеш не, як рӯз дертар меравем, – гуфт боз комиссар, – лекин чуноне ки мегӯянд, «Дер ояду шер ояд».
Комиссар дар охир ба хизмат навомадагонро нишон дода гуфт:
– Ана ин шарикҳотон ҳам бояд зудтар ҷанговарони моҳир шаванд.
– Мешаванд, рафиқ комиссар! – ҷавоб дод Сафар дар ҳолати низомӣ истода ва дасти ба сӯи худ дарозкардаи комиссарро дошта бо ӯ самимона хайрухуш кард.

пешина
аз 333
навбатӣ