Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Магар фақат ту ватан дорӣ? Мо ҳам, ҳамаи ҳаминҳо ҳам ватан доранд, – гуфт Сафар ба ҷанговарони хомӯш ба гапи Сафар гӯшдодаистода ишора намуда.
Мамараҷаб ҷавоб нагардонд. Сафар боз ба сухани худ давом кард.
– Бале, ватанро фақат ёд кардан кам аст. Чунон писар бош, ки ватан ҳам туро доимо ёд кунаду дӯст дорад.
Сӯҳбати онҳоро садои баланди «Смирно!», ки дар тамоми аскархона ҷарангос зад, бурид.Ҳама ба по хеста, дар ҳолати низомӣ истоданд. Дар пеши дари аскархона навбатчии казарма ба каси болопӯши сиёҳи чарминпӯш, ки дар ҳар ду петлитсаи сурхи гиребонаш дутоӣ нишонҳои хиштмонанд дошт, гузориш дод.
– Рафиқ комиссари баталйон! Ҷанговарони баталйони якум дар танаффуси пас аз хӯроки бегоҳӣ мебошанд. Навбатчии баталйон лейтенанти калон Коробченко.
Комиссари баталйон, ки ҳамчунин комиссари ҳамин қисми миллии тоҷикӣ буд, аз шунидани рапорт «Озод!» истодани ҷанговаронро фармуду ба дида баромадани казарма ва ҷанговарон сар кард. Вай баъд аз чанд дақиқа ба назди ҷанговарони Сафар омад. Ҷанговарон комиссари худро бо иззату эҳтироми низомӣ пешвоз гирифтанд.
– Сафар, имрӯз ба отделенияи ту рафиқони нав омаданд?
– Ҳа, рафиқ комиссар. Мана ҳамин панҷ кас, – ҷавоб дод Сафар, Мамараҷаб ва боз чор каси дигарро нишон дода.
– Ҷои хоб, хӯрок ва сарулибосашон пурра таъмин аст?
– Бале. Ҳамааш, рафиқ комиссар.
– Инҳо аз куҷо мешаванд?
– Ду кас аз Ҳисор, се кас аз Варзоб, рафиқ комиссар.
Ана ин кас ҳамдеҳаи худам, – гуфт Сафар Мамараҷабро нишон дода.
– Оҳо, бисёр нағз. Номат чист, рафиқ?

пешина
аз 333
навбатӣ