Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Дар байни онҳо сержант Сафар Одинаев ҳам буд.
Полковник аз ҳама аввал ба Сафар Одинаев муроҷиат намуд:
– Сержант Одинаев. Барои ӯҳдабароёна таълим додани отделенияи худ ва барои намунавор адо кардани хизмат ба шумо ташаккур баён мекунам.
Сафарро изтиробу ҳаяҷон фаро гирифт, чунки ин якумин тақдирёбии ӯ дар назди ҳамаи ҳайати шахсии қисм буд. Вай дили беқарор танидаистодаи худро нигоҳ дошта наметавонист ва шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки дар аснои ҷавоб ба полковник дар овози ӯ ларзише ҳис карда мешуд.
– Ба Иттифоқи Советӣ хизмат мекунам! – гуфт Сафар ва полковник боз ба вай низдиктар омада, дасти ӯро бо самимият фишурду гуфт:
– Умедворам хизмате кунед, ки ба тақдирҳои аз ин зиёд сазовор бошад.
Ҳамин тавр, рӯзҳо ва моҳҳо мегузаштанд, фарзандони ба даст яроқи ҷангӣ гирифтаи халқи тоҷик бошанд, рӯз аз рӯз ба пешвози озмоишҳои бузург наздик мешуданд.
... Аз мобайн се моҳ гузашта апрел даромад. Аз ҳаво бӯи баҳор меомад. Дар лаби ҷӯйҳо, дар марғзору полизҳо сабзаҳо неш зада мебаромаданд, дарахтон муғҷа мекушоданд. Барфҳои дар ҳар – ҷо ҳар ҷо, дар сояҷойҳо тӯпшудамонда ҳам ба тафти замин дошт надода, об мешуданд.
Заминҳои корам, ки зимистони дароз дар зери барфу борон дам гирифта хоб карда буданд, акнун дар зери партави офтоби баҳор тафсида, буғ медоданд.
Ғулғулаи тракторҳои заминрон аз ҳар сӯи саҳро ба гӯш мерасид. Деҳқонон аз даст каландро напартофта арақи ҷабин мерехтанд. Барои онҳо ин баҳори якумини замони ҷанг буд. Инро онҳо, ғайр аз ахбороти Дафтари Иттилоот, инчунин аз набудани якчанд шарикони худ, ки онҳо ба аскарӣ рафта буданд, низ ҳис мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё