Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз нав боз як гурӯҳ танкҳо ба пеш хазиданд. Онҳо аз паҳлӯи росту чапи теппаи якум, ки онро ҷанговарони Осмухин мудофиа мекарданд, гузашта, бевосита ба дарунтари мудофиагоҳи рота зер карда даромаданӣ мешуданд.
Аз заминкан ба заминкан, аз сангар ба сангар фармоне паҳн шуд, ки ба муқобили танкҳои душман бо норинҷаки зиддитанкӣ ва шишаи дардиҳанда мубориза баранд.
Дар паҳлӯи чап, дар он ҷое, ки бо оташи тӯпи зиддитанкӣ ду танки неис аз кор бароварда шуда буд, болои ҳам се танк пайдо шуд, дар паҳлӯи рост ҳам ду танки дигар ва аз рӯ ба рӯ боз се танки дигар бо оташфишонӣ ба аскарҳои худ роҳ кушода меомаданд.
Танки дуюм, ки аз роҳи паҳлӯи чап мерафт, охир ҳамон тӯпи танкзанро, ки аз ҷӯйбор истода оташфишонӣ мекард, бо тасмачархи рости худ маҷақ карда ба тарафи мавқеъҳои взводи якуми рота роҳ гирифт. Аз рост ҳам ҳамон ду танк бо тӯпу пулемёти худ ба ҷанговарони мо имкони сар бардоштан намедоданд... – Ба ҷои ман гузар, – гуфт Сафар ба Дадабой ва худаш дар даст норинҷаки зиддитанкӣ хамида – хамида ба паҳлӯи рости теппа давид ва аз гарданаи теппа синаашро ба замин ҷафскунон ҳафт- ҳашт қадам поёнтар хазиду ба як чуқурие, ки онро таркиши бомба қариб ним қади одам кофта буд, даромад.
Вай ба чуқурӣ даромаду ҳамон дақиқа танки ба доманаи теппа хазидаистодаро нишон гирифт. Ҳамин, ки танк синаашро ба тарафи шимол гардонда, аз гардиши ҳамвортари теппа пеш рафтанӣ шуд, норинҷаки танкзани Сафар ба ҳаво парид ва баъди як мижа задан таркише атрофро ба ларза овард...
Пас аз таркиши сахт хоку чанги бисёре ба болои Сафар мисли борон рехт. Вай дар ҳамин ҳолат чашм пӯшида нақшаи нав кашиданӣ шуда буд, ки аз паҳлӯи рости чуқурӣ тасмачархи як танки дигар канори девори чуқуриро пахш карда гузашт. Сафар худашро ба тарафи чапи девори чуқурӣ гирифта, ба вай мисли парвона зич часпид.

пешина
аз 333
навбатӣ