Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Лаҳзае онҳо аз назар ғоиб мешуданду вале боз роҳи худро дигар карда, ба пеш зер карда меомаданд.
Боз оташ, боз чангу хоки дудомез ҳаворо пур мекард...
Лекин танкҳое, ки дар зиреҳи худ нишони фашистӣ доштанд, аз пешу қафои ҳамроҳони худ, ки дар ҳар ҷо – ҳар ҷои гандумзор ва роҳҳои мошингард мисли пахоли оташгирифта месӯхтанд, гузашта, ба пеш мехазиданд.
Аз ҳама аввал ин танкҳо ба сӯи тӯпҳои танкзане, ки ба онҳо амон намедод мешитобиданд. Ана он танке, ки аз гандумзор ба тарафи роҳ гузашта буд, ба сӯи тӯпе пеш рафт, ки вай дар канори роҳ, дар миёни ҷӯйбори хушк истода оташ мекушояд. Мехоҳад ҳамин ҳозир ӯро ба зери тасмачархҳои худ гирифта маҷақ кунад... Бист метр... Понздаҳ метр... Даҳ метр... Рост, рӯ ба рӯ омад...
Ана, паҳлӯи худашро ба вай рост гардонд. Ана... ҳозир тӯп ва расчёти ӯро мисли наҳанг ба доми худ хоҳад кашид... Садои тӯп ва аз пайи вай боз як таркиши гӯшкаркунанда... Ҳалқаи дуди ғафс аввал сафедчатоб ва баъд торафт ранги сип – сиёҳ гирифта, танку тӯпро аз чашм ғоиб сохт...Вале ҳамон дам аз оғӯши он ҳалқаи дуду оташ забона заду пас аз вай танки аз қафо оянда ҳам, аспак барин, дар ҷояш чарх зада истода монд...
Овози кадом як ҷанговар баланд шуд:
– Бале, офарин! Танки дуюмро ҳам зад!..
Баробари ин овоз касе боз фарёд кард:
– Ба муқобили пиёданизомии душман, оташ! Боз як садои дигар фармон медод:
– Оташ ба қафои танкҳо, ба сӯи аскарони душман, оташ!
Аз паси танкҳои даргирифтаи вайроншуда ва танкҳои дар ҳар ҷо – ҳар ҷо камингирифтаи немисӣ аскарҳои кабудпӯш, ки остинҳояшон барзадагӣ ва ду дасташон ба автоматҳояшон буд, аз як сари палҳои замин то сари дигари вай қатор – қатор саф кашида, бо ғалоғулаи бетартиб ба пеш метохтанд ва ҳамин, ки аскарони мо бар зидди онҳо аз тӯпу пулемёту автомат оташ мекушоданд, ҳамон замон қафонокӣ мегурехтанд.
– Ин подаи гӯсолаҳоро бин! – гуфт Сафар, ки ба обу арақ гӯтида норинҷак дар даст дандонҳояшро сахт ба ҳам совида, бошиддат ба пеш нигоҳ мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё