Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Тасмачарх қариб ними чуқуриро ба замин ҳамвор карда, бо ғурриши зӯр ба теппа баромада рафт.
Сафар чашм кушода чизеро намедид, гӯшҳои вай ғуввас мезаданд, сари худро кунда барин вазнин ҳис мекард. Ними танаш дар зери хок монда, пойҳояш аз беҳаракатии хун виҷиррос мезад.
Ӯро тирандозию оташфишонии тӯпу туфангҳои рафиқони ҳамяроқаш, «ура»-и тавонои ҷанговарони шӯроӣ баргашта ба ҳуш овард. Вай бо дасташ хоки ба болояш рехтаро ба як сӯ кашиданӣ шуда хеле зӯр зад.
Ангушту нохунҳояш сахт ба дард омаданд, дармонаш хушк шуда боз сараш чарх зада беҳол гашт...
Немисҳо баъд аз барбод рафтани ҳамлаи сеюми худ маҷбур шуданд, ки баргашта дар хуруҷгоҳҳошон мустаҳкам ҷойгир шуда, гоҳ-гоҳ мавқеи ротаи Осмухин ва дигар ҷузвитомҳоро ба зери оташи миномёту пулемёт гиранд.


Ҳамин тавр, рӯз ба охир расид. Он маҳалле, ки дирӯз ҳамин вақт хомӯш буд ва ягон овози тир намебаромад, акнун ба хатти аз ҳама пештари ҷанг табдил ёфта буд. Ба ҷои чир – чири мӯру малахҳо аз чор тараф садои автомату пулемётҳо баланд мешуд. Тирҳои ҳарранга мисли ситораҳо аз ин сӯ ба он сӯ ва аз он сӯ ба ин сӯ парида, мушакҳои сурху кабуд, зарду сафед чор атрофро равшан мекарданд...
Сафар ба девори сангари худ такя карда, аз Дадабой воқеаи Аркадий Косенко ва Қурбонро, ки танки зер карда омадаро нест карда, худашон ҳалок шуданд, мешунид.
– Танки фашистон ба ҳамин лаб расида (Дадабой бо дасташ ҷои баромадани танкро нишон медод), яку якбора ба рост гашт. Аркадий ва Қурбон ба дасташон норинҷак гирифта, аз поёнтар ба паҳлӯи чапи танк давиданд. Ҳар дуи онҳо ҳу ана ба ҳамон чуқурӣ расида буданд, ки танк милашро поён гардонда гулӯла холӣ кард. Инро бинед, ки гулӯла рост ба лаби чуқурӣ расид, Қурбон ҷунбида натавонист. Аркадий бошад, аз чуқурӣ хуншор, калавида – калавида рост ба сӯи танк давиду ба шиками вай норинҷак ғурронд, сонӣ худаш ҳам афтид...

пешина
аз 333
навбатӣ