Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Аз отделенияи Сафар аз ҳама аввал худи Сафар, баъд Нозир, Дадабой ва боз дигарон гоҳ хазида, гоҳ кӯтоҳ – кӯтоҳ давидаю ҷаҳида пеш рафтанд.
Мамараҷаб ҳар замон ба замин дароз кашида, паноҳгоҳ меҷусту боз тифоқо саросемавор сар бардошта, аз дигарон ҷудо шуда қафомонии худро пай бурда, аз нав ба пеш медавид. Дар ин маврид Нозири камаровӣ, ки барои Мамараҷаб мутасаддӣ буд, ба ӯ мегуфт:
– Аз қатор ки мондӣ, аз худат гила кун. Баъд ба ту ҳеҷ кас ёрмандӣ намекунад.
Мамараҷаб тез – тез нафас кашида нимғурма ҷавоб медод:
– Аз Сталинобод, ки сар карда омада истодаему омада истодаем, ҳеҷ, не ки камтар дам гирем, шушамон ҳам ба даҳон омад...
– Шушат ба даҳон омада бошад-ку ҳеҷ гап не, ҷонат ба лаб наояд бача... – гуфт Нозир ба Мамараҷаб.
Қариб ҳамаи рота аз хатти мудофиавии худ ба сӯи мавқеи немисҳо сесад – чорсад метр наздик омаданд.
То мавқеи немисҳо сад – дусад метр масофа монда буд, ки ҷанговарон бо фармон ба ҳамла тайёр истоданд.
Дар ин дақиқаҳо аскарҳои немис аз оташи тӯпу миномётҳои мо ба камари заминкану сангарҳои худ панаҳ шуда, сар намебардоштанд. Гулӯлаву минаҳо дар рӯ ба рӯи ҷанговарон яке аз паси дигар таркида, чангу хоки мавқеи немисҳоро ба осмон мебардоштанд ва ҳатто оҳанпораи онҳо аз пеши чашму гӯш, болои сари ҷанговарони мо шув – шув парида мегузаштанд.
Пас аз якчанд дақиқаи ба хурӯҷгоҳ расидани рота, оташи тӯпхона ба дарунтари мавқеи немисҳо гузаронда шуду баробари ҳамин аз қафо ба осмон мушак парид.
Ин ишора ба ҳамла буд. Ҳамин ки аз паҳлӯи рота отделенияи сержант Сафар Одинаев якчанд ҷанговарони ҷангдидатарини полк ба ҳамла қомат рост карданд, Сафар ҳам аз ҷояш бархоста, бо тамоми азму ирода «Ба пеш!» гӯён садо баровард. Ҳанӯз ҷанговарони ӯ се-чор қадам пеш надавида аз пеш якбора тирандозии ду-се пулемёт сар шуд. Шояд аз ҷӯшу хурӯши ғаюрӣ бошад, ки Сафар ба ин тирандозии пулемёт эътибор надода, боз се-чор қадам монду баъд як ба қафо нигоҳ карда худро якбора кунда барин ба замин партофт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё