Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Дар ҳамин дақиқа Қурбон: «Мана Мамараҷаб» гӯён овоз баровард. Мамараҷаб ба як заминкани нимаш аз таркиши гулӯла фурӯрафта, ки дар қафои заминкан буд, даромада кулӯла шуда хоб карда буд. Сафар ва Осмухин аз ин рафтори вай гоҳ асабонӣ, гоҳ заҳрханда мекарданд.
– Ҳай, ҳай, бачамарди ҳисорӣ... – таънаомез гуфт Сафар ба Мамараҷаби рангпарида.
– Охир, худи командир гуфта буд, ки дар вақти тӯппаронӣ ҳама бояд ба заминкану камари сангарҳо панаҳ шаванд, – ба рафтори худ баҳона нишон доданӣ шуд Мамараҷаб.
– Оё фаҳмидӣ, аз кадом тараф тӯп парронида истодааст? – пурсид Сафар.
– Аз тарафи немисҳо...
Ин ҷавоби Мамараҷаб Сафарро бадтар ба хашм овард. Дадабой аз дур ин гуфтугӯйро шунида, ба Сафар шунавонда гуфт:
– Ҳарчи заҳракаф нашудааст, ҳаминаш ҳам давлат, даҳбошӣ.
Дадабой дар рӯзҳои охир Сафарро даҳбошӣ меномид.
Аз сухани Дадабой ҷанговарони гирду пеш хандиданд. Сафар ҳам оҳиста лаб ҷунбонда, бо пурсиши Осмухин сухани ӯро тарҷума кард. Осмухин ҳам аввал як табассум карду баъд ба Мамараҷаб нигоҳ карда гуфт:
– Рост, агар ҳамаи зӯру қудрати мардонагӣ ҳамин бошад, дар тӯппаронии дуюм заҳра он тараф истад, дилу ҷигараш ҳам мекафад...
Ин таънаю сарзанишҳо ба Мамараҷаб ва ба баъзе ҷанговароне, ки мисли ӯ иродаи худро асири тарсу ваҳм карда буданд, сахт таъсир карду аз рафтори шармандавори худ хиҷолат кашиданд.
Аз мобайн боз як-ду соат гузашт ва ҳамин ки тӯппаронӣ боз ба авҷи зиёд давом кард, бо сигнали муайян ротаи Осмухин дар зери ҳимояи таркиши гулӯлаҳои тӯпҳои худӣ ба ишғол кардани хурӯҷгоҳи ҳамла аз ҷо ҷунбиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё