Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Умрихола ҳам, аз таҳти дили ҳар дуи онҳо гап зада гуфт:
– Майлаш, духтарам, ҳамроҳ раветон. Як дам танҳо бошам, ҳеҷ воқеа нест.
Ба Сафар ва Зебӣ «элак баҳона – дидор ғанимат»
шуд. Онҳо лӯлаоби наздиктарро, ки дар тарафи чап буд, монда, ба тарафи рост, ба дуртар рафтанд. Ҳар ду низ сабаби ин рафтори худро фаҳмида бошанд ҳам, лекин ба якдигар чизе зоҳир намесохтанд, баръакс, торафт қадаммонии худро суст карда, ҳамдигарро ба гап водор менамуданд.
– Ду рӯз боз шумо ҳам беҳуда овора шудед, Зебӣ? – гуфт Сафар.
– Барои кӣ? – пурсид Зебӣ бо шӯхию нози ба худ зебанда ва ба гап маънои баръакс дода, калимаи «кӣ» – ро бо оҳанги махсус қайд кард.
– Сабаби оворагии шумо агар ман бошам, узр мехоҳам, – гуфт Сафар боадабона.
Зебӣ бо самимият ба вай нигоҳ кард. Бо ин нигоҳ Зебӣ дар чашмони шӯълавари ӯ ифодаи меҳру вафои беинтиҳоро пай бурдагӣ барин шуд ва ин ифодаи меҳру вафо дар дили Зебӣ боз як ғунчаи нави муҳаббатро во кард.
Сафар аз дасти Зебӣ дошта, ӯро каме ба тарафи худ кашиду гуфт:
– Чаро ин қадар рӯ мегардонед, наход ба меҳмони якчандсоата тамошои дидори худро дареғ доред?
Зебӣ бо шарму изтироб ба тарафи Сафар майл кард.
Сафар ӯро боз ба паҳлӯяш наздиктар кашида буд, ки Зебӣ «Ягон кас бинад, чӣ мегӯяд, муаллим?» гӯён бо дасти рости худ ба наздиктар кашидани ӯ муқобилат нишон медод. Дили Сафар беқарор ва аз одат берун сахт мезад. Инро дасти ба сари синаи ӯ гузоштаи Зебӣ ҳам хуб ҳис мекард. Аз ин ҳаяҷони Сафар дили бе ин ҳам ноороми Зебӣ низ боз сахттар метапид. Аъзои бадани ӯро як ларзиши фавқулода фаро гирифт, дасти ба сари синаи Сафар гузоштааш бемадор шуда оҳиста поён фуромад... Як дам ҳар ду хомӯш монданд. Ин хомӯширо танҳо чириқ – чириқи гунҷишкон, ки дар шохҳои ба болои сари Сафару Зебӣ хамидаи дарахти сада пару бол меёзонданд, халалдор мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё