Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сафар ин мулоҳизаи модарашро рад карда, ба вай тартибу қоидаи хизмати ҳарбиро боз васеътар баён карду гуфт:
– Баъд аз ин хел гапҳои беҳуда кӣ туро модари муаллим мегӯяд?
– Оҳ писарам, дили модар ба фарзанд, дили фарзанд ба фарсанг гуфтагӣ барин, ҳамин вақт ман дар чӣ хаёлу ту дар чӣ хаёл. Пештар ту аскар нашуда бошӣ, ки ман ҳамаи тартибу қоидаи аскариро донам.
– Хайр, ин гапҳоро як сӯ мону ба ман ҳаминро гӯй, ки чаро ин қадар каллаи саҳар хеста омадетон?
– Кошкӣ ин дили беқарор андак ором ёбад, – ҷавоб дод Умрихола. – Боз туро надида намонам гуфта, аз бетоқатӣ худам як тараф, ин Зебинисоро ҳам безор кардам.
Зебӣ бо лабҳои сертабассум ва чашмони ҷозибаноки худ як ба Сафар ва як ба Умрихола нигоҳ карда гирифт. Аз ин нигоҳ вай чунин изҳор кардагӣ барин шуд, ки худи ӯ ҳам аз модар камтар бетоқат нашудааст. Як не, чанд борҳо ба истшоҳи қатора омада рафта, будан
– набудани аскарбачаҳоро хабар мегирифту ҳам худаш ва ҳам Умрихоларо хотирҷамъ мекард.
Онҳо якчанд вақт гап – гап карда нишастанд. Баъд аз он, ки гапҳои умумӣ ба охир расида, ба миёни сӯҳбат як дам хомӯшӣ афтод, Зебӣ ба ин хомӯшӣ халал дод.
– Оча, аз саросемагӣ дасту рӯямонро ҳам нашустем?
– Ҳа, рост гуфтед, духтарам, об мешуд ҳозир шуста мегирифтем.
– Ман давида рафта об биёрам? – пурсид Зебӣ, вале дар чӣ об овардани худро намедонист. Ягон зарф набуд. Сафар зуд аз ин пай бурда, давида аз пеши вагонҳо обдони худро оварда гуфт:
– Ҳозир ман об мебиёрам.
– Не, муаллим, монед, ман худам биёрам, – аз дасти вай дошта гуфт Зебӣ ва гӯё ба ягон таклифи дигар мунтазир буд, ки ба чеҳраи Сафар саволомез нигоҳ кард.
– Хайр, ҳардумон меравем, – таклиф кард Сафар.
Зебӣ ботинан ин таклифро аз ҷону дил пешвоз гирифта бошад ҳам, зоҳиран худро ба нодонӣ зада, танҳо мондани Умрихоларо сабаб нишон дод.

пешина
аз 333
навбатӣ